Бо дарназардошти нооромии вазъият дар Афғонистон, ин машқҳо, хеле муҳиманд
Машқҳои СҲШ на як, балки се ҳадафи муҳим доранд, мегӯяд низомии тоҷик
Машқҳои муштараки хизматчиёни ҳарбии кишварҳои СҲШ «Миссияи сулҳ 2021» дар заминаи шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон махсусан муҳим аст. Дар ин бора полковник Фатҳулло Идоятуллозода, муовини фармондеҳи нирӯҳои хушкигарди Тоҷикистон хабар дод.
«Бо дарназардошти ноором шудани вазъият дар сарҳадҳои ҷанубии мо, ва рӯйдодҳои ахири Афғонистон, ки тамоми ҷумҳурӣ таҳти назорати Толибон* қарор гирифт, ба назари ман, мавзӯъ ва ҳадафи ин машқ, хеле муҳим аст», — таъкид кард ӯ.
Идоятуллозода зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи «Миссияи сулҳ» изҳори боварӣ кард, ки тамринҳо низ як марҳилаи муҳими рушди ҳамкориҳои кишварҳои СҲШ хоҳанд шуд ва ба «наздикшавии халқҳои бародар ба хотири амнияти минтақа» мусоидат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки машқҳо як рӯз пеш дар наздикии Оренбург оғоз шуда буданд. Бори аввал дар омӯзиш хизматчиёни ҳарбии Беларус иштирок хоҳанд кард. «Миссияи сулҳ 2021» то 24 сентябр идома меёбад.
Ҳадафи аслии тамринот таҳияи маҷмӯи амалҳо дар сурати ҳамлаи террористони афғон ба қаламрави кишварҳои дигар мебошад.
Чунин омӯзишҳоро дар пасманзари шиддат гирифтани вазъ дар ҷумҳурии ҳамсояи кишварҳои узви СПАД мегузаронанд. Ин созмон дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон гузаронидани чаҳор тамринро ба нақша гирифтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ