Машварати ҳуқуқӣ: Агар падар насабашро надиҳад…
Дар сурати аз падару модари ақди никоҳнадошта таваллуд ёфтани кӯдак ва аз ҷониби падари кӯдак рад намудани додани насабаш ба кӯдак, ба кадом мақомот муроҷиат намудан мумкин аст?
САФИЯ, ноҳияи Муъминобод
Посухи адвокат Иноят Иноятов:
— Мувофиқи моддаи 50-и Кодекси оила, дар сурати аз падару модариақди никоҳнадошта таваллуд ёфтани кӯдак ва набудани аризаи муштараки падару модар ё аризаи падари кӯдак, аслу насаби кӯдак аз шахси мушаххас (падар) дар асоси аризаи яке аз падару модар ё васии (парастори) кӯдак, аризаи шасхе, ки кӯдак дар таъминоташ мебошад, инчунин ҳангоми ба балоғат расидан дар асоси аризаи худи кӯдак ба тариқи судӣ муқаррар карда мешавад. Бо ҳамин асос, ба шумо тавсия медиҳем, ки бо аризаи даъвогӣ оид ба муқаррар намудани падарӣ ба суд муроҷиат намоед.
Ҳангоми муқаррар намудани падарӣ суд зиндагӣ ва пешбурди хоҷагии якҷоя бо модари кӯдак ё тарбияи муштарак ё таъмини кӯдак ё далелҳои дигари боэътимодеро, ки аз ҷониби шахси мушаххас таваллуд шудани кӯдак, далелҳои саҳеҳ тасдиқкунандаи аз ҷониби ҷавобгар эътироф гардидани падариро собит месозад, ба назар мегирад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ