Машварати ҳуқуқӣ: Аз чанд фоизи музди меҳнат алимент пардохт мекунанд?
Аз шавҳарам як моҳ пеш ҷудо шудам, ду кўдак дорам. Шавҳарам кор мекунад, агар ман ба суд муроҷиат кунам, ў барои таъмин намудани фарзандонамон чанд фоиз аз музди меҳнаташ алимент пардохт мекунад?
МОҲИРА, шаҳри Исфара
Посухи адвокат Иноят Иноятов:
-Андозаи алименте, ки барои кўдакони ноболиғ тибқи тартиби судӣ ситонида мешавад, дар моддаи 81-и Кодекси оила муқаррар гардидааст.
Ҳангоми мавҷуд набудани созишнома дар хусуси пардохти алимент барои фарзандони ноболиғ суд аз падару модари онҳо ҳар моҳ ба андозаи зерин алимент мерўёнад: барои як фарзанд чоряк, барои ду фарзанд сеяк, барои се фарзанд ва зиёда аз он — нисфи музди меҳнат ва даромади дигари падару модар. Ҳаҷми ин саҳм бо назардошти вазъи моддӣ ва оилавии тарафҳо ва дигар ҳолатҳои қобили таваҷҷуҳ аз ҷониби суд кам ё зиёд карда шуданаш мумкин аст.
Бо ҳамин асос, агар шумо ба суд бо аризаи даъвогӣ оид ба рўёнидани алимент муроҷиат кунед, пас шавҳаратон барои таъмин намудани ду кўдакатон дар ҳаҷми сеяки музди меҳнат (33%) алимент бояд пардохт намояд.
Агар кўдакон таҳти таъминоти пурраи давлат ё ташкилоти ҷамъиятӣ қарор гирифта бошанд, суд ҳуқуқ дорад андозаи алиментро кам кунад ё аз пардохти он озод намояд. Маблағҳое, ки аз падару модар барои таъминоти кўдакони дар муассисаҳои кўдаконаи давлатӣ ҷойгиркардашуда пардохта мешаванд, дар ҳаҷми муқаррарнамудаи қисми якуми ҳамин модда ба ҳисобномаҳои шахсии тарбиятгирандагон дар бонкҳои амонатӣ гузаронида мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ