Машварати ҳуқуқӣ: Барои фарзандхондӣ ба куҷо муроҷиат кунам?
Барои фарзандхондӣ намудани кӯдак ба кадом мақомоти давлатӣ муроҷиат намудан мумкин аст?
САТТОР, шаҳри Душанбе
Посухи адвокат Иноят Иноятов:
— Бояд қайд намуд, ки фарзандхондӣ шакли афзалиятноки ҷобаҷокунии кўдакони бе парастории падару модар монда мебошад. Фарзандхондӣ нисбати кӯдакони ноболиғ танҳо манфиатҳои онҳо, ҳамчунин бо дарназардошти имконияти инкишофи пурраи ҷисмонӣ, руҳӣ, маънавӣ ва ахлоқии кўдак иҷозат дода мешавад.
Фарзандхондӣ дар асоси аризаи шахсоне (шахсе), ки кӯдакро ба фарзандӣ қабул кардан мехоҳанд, аз тарафи суд расмӣ карда мешавад. Парвандаҳои фарзандхондиро суд ба тартиби мурофиаи махсус баррасӣ менамояд. Парвандаҳои фарзандхондӣ дар суд бо иштироки мақомоти васояту парасторӣ ва прокурор баррасӣ мегарданд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихоби худ ба суди маҳали истиқомати кӯдаки ба фарзандхондӣ қабулшаванда ё ба суди маҳали истиқомати худ барои ба фарзандхондӣ гирифтани кӯдак ариза медиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ