Машварати ҳуқуқӣ: Кӯдак ба моликияти волидон ҳақ дорад?
Оё дар давраи дар ҳаёт будани волидайн кӯдак нисбати моликияти падар ё модараш ҳуқуқи моликият дорад ё не?
НОЗИМ, шаҳри Хуҷанд
Посухи адвокат Иноят Иноятов:
— Мувофиқи талаботи қисми 3-и моддаи 60-и Кодекси оила, ҳангоми дар қайди ҳаёт будани падару модар, кӯдак ҳуқуқи моликият ба молу мулки онҳо ва падар ё модар ҳуқуқи моликият ба молу мулки кӯдакро надоранд. Фарзандон ва падару модар, ки якҷоя зиндагӣ мекунанд, молу мулки ҳамдигарро бо мувофиқаи муштарак соҳибӣ мекунанд ва истифода мебаранд.
Дар сурати ба миён омадани ҳуқуқи моликияти умумии падару модар ва кӯдак ҳуқуқи онҳо дар мавриди соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории молу мулки умумӣ тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, яъне чунин моликият метавонад моликияти якҷояи муштарак ё ҳиссагӣ эътироф карда шавад.
Зимнан, ёдрас менамоем, ки кӯдак ба даромади бадастоварда, молу мулки ҳадя ё меросгирифта ва ҳама гуна молу мулки дигаре, ки тибқи қонун ба ӯ тааллуқ дорад, дорои ҳуқуқи моликият буда метавонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ