Машварати ҳуқуқӣ: Кӯдаки бесаробонро кӣ ҳимоя мекунад?

Дар сурати ҷой доштани таҳдид ба ҳаёти кӯдаке, ки бе саробонии яке аз волидайн мондааст, кадом мақомоти давлатӣ бояд чораҷӯӣ намояд?

УМЕД, шаҳри Исфара

Посухи адвокат Иноят Иноятов:

-Пеш аз ҳама, бояд қайд намоем, ки содир намудани ҳамагуна амалҳои зӯроварона нисбати кӯдак, аз ҷумла аз ҷониби волидйн манъ буда, чунин кирдор боиси ҷавобгарӣ мегардад.

Мувофиқи талаботи моддаи 77-и Кодекси оила, дар сурати ҷой доштани таҳдиди бевосита ба ҳаёт ё саломатии кӯдак, мақоми васояту парасторӣ ҳуқуқ дорад дар хусуси бетаъхир гирифтани кӯдак аз падару модар (яке аз онҳо) ё дигар шахсоне, ки ӯ таҳти васояташон мебошад, қарор қабул намояд.Дар сурати бетаъхир гирифтани кӯдак мақоми васояту парасторӣ вазифадор аст, ки фавран прокурорро огоҳ сохта, мувақаттан ҷойгир намудани кӯдакро таъмин намояд ва дар муҳлати ҳафт рӯзи пас аз тартиб додани санади санҷиш ва хулоса дар бораи гирифтани кӯдак бо даъвои маҳрум сохтан аз ҳуқуқи падару модарӣ ё маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ ба суд муроҷиат намояд.

Баҳсҳо оид ба маҳрум сохтан аз ҳуқуқи падару модарӣ бо иштироки ҳатмии прокурор ва мақоми васояту парасторӣ баррасӣ карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *