Машварати ҳуқуқӣ: Зӯроварӣ нисбати кӯдак ҷавобгарӣ дорад?

Оё яке аз волидайн ҳақ доранд, ки зимни тарбияи кӯдак усулҳои тарбияи бераҳмиро истифода намоянд?

ЮСУФ, шаҳри Душанбе

Посухи адвокат Иноят Иноятов:

— Мувофиқи талаботи қонун, ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар набояд бар хилофи манфиатҳои фарзандон татбиқ шаванд. Таъмини манфиатҳои фарзандон бояд мавзӯи асосии ғамхории падару модар бошад. Ҳангоми истифодаи ҳуқуқи падару модар он набояд ба саломатии ҷисмонию руҳии кӯдак ва такомули маънавии ӯ зарар расонад. Усулҳои тарбияи кӯдакон бояд ба муомилаи бераҳмона, дағалона ва пасткунандаи шаъни инсонии кӯдак ё сӯйистифода ва истисмори кӯдакро аз ҷониби падару модар истисно кунанд.

Падару модаре, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои худро бар зарари ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак татбиқ менамоянд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Истифодаи ҳама гуна намуди зӯроварӣ нисбати кӯдак боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад.

Дар мавриди бо ҳолатҳои зӯроварӣ рӯ ба рӯ гардидани кӯдакон, мақомоти васоят ва парасторӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва прокуратура чораҳои қонунӣ татбиқ менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *