Масофаи иҷтимоӣ яъне чӣ?Ба туйу сур наравед!!!

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, бо нигаронӣ аз нав авҷгирии коронавирус аз сокинон даъват намуд, ки аз рафтан ба ҷойҳои серодам, аз ҷумла тӯйу сур худдорӣ намоянд.

Зарурате ба миён омадааст, ки мо аз ширкат дар ҳар гуна чорабиниҳо, махсусан маъракаҳои тӯю сур худдорӣ намоем, баён дошт Раҷаббой Аҳмадзода дар муроҷиатномаи идонааш ба сокинони вилоят.

Вай аз тамоми сокиони вилоят хост, ки гигиенаи шахсиро пурра риоя намудоянду маҳлулҳои безараргардонанда ва ниқоб пӯшанд.

“Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, макони серодам, нуқтаҳои савдо, нақлиёти мусофиркашон, боғҳои фарҳангию фароғатӣ аз ниқоб ва маҳлулҳои антисептикӣ истифода барем”, — таъкид намуд Аҳмадзода.

Раиси Суғд муҳим хонд, ки сокинон ба муҳити атроф аҳмият диҳанду дар ҳама ҳолат масофаи иҷтимоиро риоя намоянд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сокинон риояи фосилаи иҷтимоӣ, махсусан дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва бозорҳо ба далели зиёд будани одамҳо ғайриимкон мебошад.

Даъвати расиси муҳтарам Аҳмадзода дар ҳолест, ки ба маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар шабонарӯзи гузашта, як ҳолати фавт ба қайд гирифта шуд ва 51 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст.
Теъдоди умумии маризони коронавирус дар Тоҷикистон аз лаҳзаи хуруҷаш то шоми 19 июл ба 14 ҳазору 177 нафар баробар шуд, ки аз ин миён 13 758 бемор комилан сиҳат ёфтаанд. Теъдоди умумии фавтидагон аз ин беморӣ расман ба 112 нафар баробар шуд.

Мо ҳам ҳаминро нафаҳмидем, ки ин риояи “масофаи иҷтимоӣ” чи ӣошад? Зеро дар нақлиёти мо чунон одамонро болои ҳам бор мекунанд, ки “масофаи иҷтимоӣ” ба масофаи позеркуниву тела тумба баробар шуда мемонад. Ва дар дохили нақлиёт аз серодамӣ ва гармии ҳавову мушкил будани нафаскашӣ мардум арақшор мегарданд. Ба бахти мардум дар аксари старексҳо тирезаҳо кушода намешаванду ронанда ба ҷои се нафар дар курсиҳо чор касро бор мекунад. Ана дар чунин ҳолат масофаи иҷтимоиро риоя куну ҳавои тозаро нафас каш, ку бубинем, чӣ мешавад?
Инҷо айд дар худи мост. Қоидашои мавҷудаи одобу рафтор ва гигиенаи шахсиро пурра риоя намекунем маҳлулҳои безараргардонанда ва ниқоб намепӯшем. Ба мардум менигарӣ ва ба худ меандшӣ чаро ин қадар нисбати тақдири худу атрофиёнашон бепарвоянд?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *