Мастчоҳ: Ифтитоҳи Маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”

Имрӯз, 7-уми июл дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор дод.

Гуфта мешавад, ки Маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим” бо усули меъмории замонавӣ бунёд ёфта, аз чор ошёна иборат аст. Дар ошёнаи якум қабулгоҳ, маъмурият, ҳуҷраи кормандон, 3 ҳаммоми замонавӣ, ҳавзи шиноварӣ, мағоза, дар ошёнаи дуюм толори варзишӣ, ҳаммоми усули туркӣ, дар ошёнаи сеюм қаҳвахона, утоқи мураббиёни варзиш, маҷлисгоҳ, дар ошёнаи чорум 11 ҳуҷраи мехмонхона ҷойгир аст.

Сохтмони бинои меҳмонхона соли 2020 шуруъ гардида, дар бунёди он соҳибкори ватанӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанзода саҳм гузоштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *