Мастчоҳ соҳиби роҳ шуд

— Бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мумфарши шоҳроҳи Бӯстон-Азизобод, ҳудуди ҷамоати Оббурдон ва Мастчоҳ оғоз гардид,- хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.

Бино ба хабар, ин иқдом дар доираи корҳои ободонию созандагӣ дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯи даст гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, роҳи Бӯстон-Азизобод яке аз роҳҳои асосиест, ки маркази ноҳияро бо се ҷамоати он мепайвандад.

Корҳои мумфарш аз ҷониби мутахассисони ҶДММ «Ваҳдат 2018» анҷом дода шуда, барои таъмири хушсифат техникаи зарурӣ ҷалб карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *