Мавлуд Човушоғлу ба Тоҷикистон меояд

Мавлуд Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия, аз Тоҷикистон дидан хоҳад кард. Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, ки ин сафари Човушоғлу рӯзи 21 октябри имсол сурат мегирад.

Сафари вазири хориҷии Туркия ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки литсейҳои «Хизмат»-и Фатҳуллоҳ Гулен тағйири ному мақом карда ва созмони «Диалог»-и марбут ба ин ҷунбиш низ фаъолияташро қатъ кард. Анкара Гуленро дар табаддулоти нокоми 15 июл дар Туркия айбдор мекунад.

Рӯзи 18 октябр мулоқоти муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо сафири Туркия Алӣ Рифат Кёксал баргузор шуда буд. Аз ин пеш, Маҳмуд Эр — раиси Шӯрои тиҷоратии Туркияву Тоҷикистон — дар як нишаст дар Душанбе гуфт, интизор меравад, то охири имсол Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба Тоҷикистон ояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *