Мавсим бо пирўзии «Истиқлол», «Равшан» ва «Хатлон» ба анҷом расид
Мавсими 31-уми Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид. «Истиқлол»-и Душанбе медалҳои тилло, «Равшан»-и Кўлоб медалҳои нуқра ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд медалҳои биринҷиро сазовор шуданд.
Бозии даври 23-юм дар гуруҳи «А» миёни ду дастаи Душанбе — КМВА ва «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуда, бо ҳисоби 5:1 ба фоидаи “Истиқлол” хотима ёфт.
Дар бозии дигар дастаи “Хуҷанд” дар майдони худ тими “Хатлон”-и Бохтарро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.
Ба ин тартиб, дар ҷадвали мусобиқа «Истиқлол» бо 48 хол ҷойи аввалро касб кард. «Равшан»-и Кўлоб бо 35 хол дар ҷойи дуюм, “Хуҷанд” бо 34 хол дар зинаи сеюм ҷойгир шуданд. “Хатлон” ҳам 34 хол гирифт, аммо бо дарназардошти таносуби тўбҳо мақоми чорумро касб кард ва аз медал бенасиб монд.
«Истиқлол», ки дар мавсими имсола ҳам дар Ҷоми Тоҷикистон ва ҳам дар Чемпионати Тоҷикистон ғолиб шуд, дар мавсими оянда дар марҳилаи гуруҳии Лигаи чемпионҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) бозӣ хоҳад кард. «Равшан» ва «Хуҷанд» Тоҷикистонро дар Ҷоми AFC-2023 намояндагӣ мекунанд.
Ду дастаи вилояти Суғд — «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва «Равшан»-и Зафаробод, ки аз рўи натиҷагирии Чемпионати Тоҷикистон-2022 ҷойҳои охирро гирифтанд, мавқеашонро дар лигаи олӣ нигоҳ дошта натавонистанд, ки мавсими оянда дар лигаи якум бозӣ хоҳанд кард. Ба ҷойи онҳо ду дастаи беҳтарини лигаи якум — “Ҳосилот” ва “Куктош” ба Лигаи олӣ роҳхат гирифтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ