Мавсими нави футбол дар Тоҷикистон 1-уми апрел оғоз мешавад
Мавсими нави Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 1-уми апрел оғоз мешавад ва мисли соли гузашта дар ду марҳила баргузор хоҳад шуд.
Қарори дахлдор дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон қабул карда шудааст.
Дар навбати аввал ҳамаи даҳ даста дар ду давра бозӣ мекунанд. Сипас, дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гуруҳ тақсим мешаванд. Дар умум, ҳар даста дар чемпионат 22 бозӣ мегузаронад.
Ҳамчунин, тасмим гирифта шуд, ки маҳдудият барои бозигарони хориҷӣ (легионерҳо) дар чемпионати Тоҷикистон бетағйир боқӣ монад. Мисли соли гузашта ҳар дастаи Лигаи олӣ метавонад ба ҳайати худ ҳафт бозигари хориҷиро шомил кунад, дар ҳоле ки танҳо панҷ бозигари хориҷӣ дар як вақт метавонанд дар майдон бошанд.
Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ тасмим гирифта шуд, ки шумораи дастаҳои ширкаткунандаи Чемпионати Тоҷикистон дар соли 2024 бетағйир боқӣ монад. Даҳ даста барои ҷойҳои ифтихории ин мавсим мубориза хоҳанд бурд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ