бургер

McDonald’s тасмим гирифтааст Қазоқистонро тарк кунад

Bloomberg бо истинод ба манобеи огоҳ хабар додааст, ки шабакаи фастфуди McDonald’s ният дорад Қазоқистонро тарк кунад.

Гуфта мешавад, ки сабаб қатъ шудани интиқоли гӯшт аз Русия дар пасманзари оғози амалиёти вижа дар Украина будааст.

Манобеъ ба хабаргузориҳо гуфтаанд, дар ҳоле, ки соҳибкорони қазоқ алайҳи Маскав таҳримҳо надоранд, McDonald’s ба франчайзиҳои маҳаллӣ харидории котлетҳо аз таъминкунандагони Русияро манъ кардааст.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки ширкатҳои Қазоқистон наметавонанд котлетҳоро аз таъминкунандагони маҳаллӣ ё аврупоӣ харидорӣ кунанд, зеро болоравии нархҳо ва хароҷоти ҳамлу нақли мол дар саросари кишвар маънои бо зиён анҷом додани тиҷоратро дорад.

Бояд гуфт, моҳи ноябри соли 2022 McDonald’s дар Қазоқистон (Food Solutions KZ LLP) дар вебсайт ва шабакаҳои иҷтимоӣ эълон кард, ки аз 18-уми ноябр ба далели маҳдудият дар интиқоли маҳаллӣ кори тамоми тарабхонаҳояшро мутаваққиф мекунад. Ширкат итминон дод, ки тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то ҳарчи зудтар боз шавад ва ваъда дод, ки вақти боз шудани тарабхонаҳоро дертар эълон хоҳад кард.

Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *