Меҳринисо: Аъзои Иттифоқи нависандагон набояд ронда шаванд!

Вақте иттифоқ чандин нафарро аз сафи узвият пеш кард, дили ман реш шуд, чунки чунин муносибат ноадолатона ва таҳқири рӯйрости инсон аст. Зеро оне ки ба таври оммавӣ аз сафи иттифоқ ронда шуд, дар назди модараш, барои фарзандаш, барои деҳа ва ҷамоаташ шоир аст.

Соли равон Меҳринисои ҳамеша ҷавон мавлуд доштанд, боварнакарданист… 70 — сола шуданд. Илова бар ин, эшон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар мебошанд. Бинобар ин, аз фурсат истифода бурда,  дар мавриди навгониҳои рӯзгору эҷодиёт ва баъзе масъалаҳои мубрами фарҳангу адабиёту иҷтимоиёт  низ суҳбат кардем, ки фишурдаи он пешкашатон мегардад.

Некӣ бо шеър

-Муаллима, оғози соли равон мавлуд доштед. Чаро онро таҷлил накардед? 700 суруди шуморо сарояндагон месароянд. Як базми зебои ҷамшедӣ мешуд…

-Ман аслан зодрӯзамро мутантан ҷашн намегирам ва онро зарур ҳам намешуморам. Фақат дар хона дастурхон мекушоям, ба ёди касе оям, нури дида, вагарна ҳеҷ… Ин барои ман аҳамият надорад.

-Барои шумо барин зани огоҳ ва ҳамеша мувозиби ҳусни худ, гузашти сол чӣ маъно дорад?

-Барои ман, ҳеҷ. Қаблан зиёд фикр мекардам, ҳоло не. Замони кӯдакӣ ҳатто 30 — солаҳоро пир гумон мекардам, 50-у 60-солаҳо ба назарам тамоман фартут менамуданд. Гоҳо андеша мекунам, ки шояд айни замон ман низ барои набераҳоям бибии пир бошам… Бо вуҷуди ин, худамро калонсол ҳис намекунам. Муҳаббати мардум ба ман рӯҳияи ҷавонӣ мебахшад. Вақте кӯча мебароям, зани ношиносе омада, бо  ҳаяҷон мегӯяд: — «Аз субҳ чашмам парид, ҳис кардам, ки одами наздикамро мебинам. Мана шуморо дидам. Ман шуморо дӯст медорам. Суханҳо ва суҳбатҳои шумо ба ман неру мебахшанд». Ӯ шояд шеърҳои маро нахонда, шояд хондаву нафаҳмида бошад, аммо меҳрубонӣ мекунад. Хушбахтона, мо чунин мардуми бетамаъ ва бетамаллуқ зиёд дорем. Ман ҳам мекӯшам, ки бар ивази муҳаббати мардум барояшон некӣ кунам.

-Оё бо шеър некӣ карда мешавад?

-Албатта. Вақте дар вохӯриҳо шеъри модар мехонам, нисфи толор мегиряд, зеро мардум модарашонро  ҳамчун рамзи покӣ ва муҳаббату некӣ ба ёд меоранд. Ҳамеша, ҳаққу ҳамсоя, толибилмони мактаби назди хона, одамони тамоман бегона меоянд, ки шеърҳои ба модар бахшидаамро барояшон навишта диҳам. Вақте Муслиҳиддин шеъри “Модар”-ро сароид, қариб ҳама изҳори миннатдорӣ карданд.  Ҳол он ки ба назари ман ин шеъри баланде нест. Модари Муслиҳиддин бароям оҳанг фиристод, ки дар асоси он матн нависам. Ӯ бояд дар “Овози тиллоӣ” ширкат мекард. Баъдан, ин сурудро вай дар як чорабинии ҳукуматӣ хонд ва он ба дили мардум роҳ ёфт. Дар бозору барзан занҳо маро дида, хурсанд мешаванд ва мегӯянд: “Ҳамон шеър аз шумо аст, биёед, ман шуморо бӯса кунам” ва маро ба  оғӯш кашида, мебӯсанд. Ин барои ман хушбахтӣ ва беҳтарину болотарин унвон аст. Шеър чунин хусусият дорад, ки бухлу кинаро аз қалбҳо дур карда, меҳру муҳаббат ва рафоқатро  ҷойгузини он мегардонад.

Беадолатӣ ва таҳқир дар ИНТ

-Ман ҳар як шумораи нашрияҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро мегирам, аммо табрикоти анъанавии раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро  ба мавлуди шумо нахондам. Сабаб чист? 

-Сабабашро аз Иттифоқи нависандагон пурсед. Барои он ки раёсат табрик кунад, шояд чандин маротиба рафтан лозим, аммо ман хеле кам ба он ҷо меравам. Ман бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мухолифат надорам, аммо бо амалҳои раёсати он  зид ҳастам. Вақте иттифоқ чандин нафарро аз сафи узвият пеш кард, дили ман реш шуд, чунки чунин муносибат ноадолатона ва таҳқири рӯйрости инсон аст. Зеро оне ки ба таври оммавӣ аз сафи иттифоқ ронда шуд, дар назди модараш, барои фарзандаш, барои деҳа ва ҷамоаташ шоир аст. Ӯ ҳеҷ вақт теғ ба даст нагирифтааст, ҳақорат накардааст, балки кӯшиш кардааст, ки шоир бошад ва ба авлодаш шукӯҳ бахшад. Далели Иттифоқи нависандагон, ки гӯё ин мардум завқи хонандаро паст мекунад, бепоя аст, зеро хонанда асари арзишманду беарзишро аз элаки завқи баландаш мегузаронад. Завқи мардумро ҳирс, тамаъ ва бахилӣ  паст мекунад. Таҳқири инсон аз тарафи Иттифоқи нависандагон барин созмони эҷодӣ ва ба ин васила бадном кардани адибон магар паст кардани завқи мардум нест? Ман фикр мекунам, ки Иттифоқи нависандагон нодуруст рафтор кард. Бояд масъулини иттифоқ ин нафаронро ҷеғ зада, таъкид мекарданд, ки шеърҳои ба талабот ҷавобгӯ набударо тарғиб накунанд ва ислоҳ шаванд…

Ба ӯ унвон надиҳед, ӯро болои сар набардоред, аммо ӯро таҳқир ҳам накунед. Вай ба чашми фарзандонаш, ҳаққу ҳамсояаш, деҳаву ҷамоаташ чӣ тавр нигоҳ мекунад?… Афсӯс, ки мо ҳоло ба ҳамон маърифати олӣ нарасидем. 

-Дар мавриди унвон сухан гуфтеду суоле дар зеҳнам пайдо шуд. Чаро шумо бо вуҷуди ин ҳама маъруфият ҳоло унвони Шоири халқии Тоҷикистонро надоред?

-Ин суолро ҳам ба ман надиҳед. Ба фикрам ба он сабаб, ки ман ягон маротиба талош накардаам.  Фарзандонам ҳам суол мекунанд, ки “Ая барои чӣ ба шумо “Шоири халқӣ” намедиҳанд? Ман мегӯям, ки ба ин чизҳо аҳамият надиҳед, зеро муҳим нестанд. Агар сабабҳову бозиҳои пуштипардагии унвонгириро гӯям, фарзандонам аз зиндагӣ дилсард мешаванд. Бисёриҳо ин суолро ба ман медиҳанд, дар маҷлисҳо ровиён ва дар ВАО журналистон надониста, маро ҳамчун Шоири халқии Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд… Баъди ин ҳамон замон аз Иттифоқи нависандагон занг мезананд, ки чаро худатро Шоири халқӣ муаррифӣ кардӣ? Ман мепурсам, чӣ магар ба шумо зарар расид? 

Сурудҳои ройгон

-Шумо яке аз пурмаҳсултарин шоироне ҳастед, ки қариб тамоми эҷодиётатонро ҳунармандон оҳанг баста,  месароянд. Барои як суруд чӣ миқдор маблағ талаб мекунед? 

-Ягон бор, ягон тин талаб накардаам, зеро бисёр вақт аз китобҳо мегиранд, бисёриҳо ҳатто напурсида, огоҳ накарда, оҳанг мебанданд. Баъзеҳо хоҳиш мекунанд, оҳанг мефиристанд ва баъди тайёр шудани шеър 50 сомонӣ дароз мекунанд, ки ман намегирам.

Зулфиқори Азиз ҳамеша ба ман туҳфаҳои қимат меовард, Нигина Амонқулова, Сабоҳат Наҷмиддинова ва Фахриддини Малик низ ба ҳар ҳол маро розӣ мекунанд, аммо ман худам  маблағи муайян талаб намекунам. Ман барои мардум менависам, муҳим он аст, ки  ба қалби мардум роҳ ёбад.

-Шумо шоир ё суруднавис?

-Ман шоир ҳастам, зеро махсус, ба истиснои баъзе ҳолатҳо барои оҳанг наменависам. 

-Аз 700 суруде, ки сароида шуд, кадоме ба шумо бештар писанд аст?

-Сурудаҳои Одина Ҳошим, Ҷӯрабек Муродов, Сабоҳат Наҷмиддинова, Олим Бобоев, Нигина Амонқулова, Зулфиқори Азиз, Фахриддини Малик… Қариб тамоми ҳунармандони ба ном аз эҷодиёти ман сурудаанд. 

Вақте шеъри маро дуруст мехонанд, хурсанд мешавам, аммо вақте ғалат карда месароянд, ғамгин мегардам. Зулайхо ба наздикӣ яке аз сурудҳои “Модар”-ро аз эҷодиёти ман сароид, хеле олӣ месарояд, аммо се банди шеър аз ман, ду банди дигар, ки саропо ғалат аст, моли ман нест.

Овози фораматро,

Чашми гунаҳраматро.

Шодиву ҳам ғаматро,

Ман ёд кардам оча.

Узви ғайриинтизори парлумон

Ростӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон шуданатон хеле ғайриинтизор буд, зеро  шумо то ин дам дар вазифаҳои давлатӣ кор намекардед, дар сиёсат набудед…

-Бале, бовар мекунед, то ба парлумон рафтанам, намедонистам, ки узви Маҷлиси миллӣ будан, яъне чӣ аст? Ин як гардиши ногаҳонии зиндагии ман мебошад.

-Чӣ тавр ба парлумон роҳ ёфтед?

-Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ шудани ман ба иродаи Пешвои миллат, Президенти кишвар вобаста аст. Ман барои ин эътирофашон аз эшон сипосгузорам. Санаи 20 марти соли 2015 вохӯрии Президенти кишвар бо аҳли зиё баргузор мешуд. Ман дар гӯшаи дури толор нишаста будам. Одатан баъди вохӯрӣ Ҷаноби Олӣ бо қатори пеш салом карда мегузаранд. Чун рӯ ба рӯйи ман омаданд, дасташонро дароз карданд ва баъди салом маро каме пештар кашида гуфтанд: — «Табрик мекунам, ман шуморо ба узвияти Маҷлиси миллӣ интихоб кардам» ва ҳайрон шудани маро дида пурсиданд: — «Магар шуморо телефон карда, огоҳ накарданд?»…

 Баъд аз оне ки эшон аз назди мо рафтанд, ҳама маро табрик мекарданд, аммо ман дарк намекардам, ки узви Маҷлиси миллӣ чист? Унвон аст ё вазифа? Аммо вақте хона омадам, ба касе нагуфтам, зеро як маротиба чунин як воқеа шуда буд…

Чандин сол пеш, қабл аз вохӯрии Президент дар як барномаи телевизионӣ дар бораи модар суҳбат карда будам. Ҷаноби Олӣ ин барномаро тамошо мекунанд. Рӯзи вохӯрӣ, вақти аз дар даромадан гуфтанд: — «Меҳринисо, ман баромадатро кайф карда, тамошо кардам. Ту зани донишмандӣ» — ва Маҳмадсаид Убайдуллоевро ҷеғ зада, дастур доданд: «Маҳмадсаид ба Меҳринисо вазифа те!». Вақти баромадан низ дасти маро фишурда, гуфтанд:  — «Суханрониат ба ман маъқул шуд, мехоҳам ту фақат суҳбат куниву ман гӯш кунам». Ва боз дастури худро ба Убайдуллоев такрор карданд. Ҳама маро табрик мекарданд ва интизор буданд, ки чӣ вазифа маро интизор аст. Аммо дигар касе ба ман занг назад. Аҳли оилаам умедвор буданд…

Ин даъфа, бинобар ин, чизе нагуфтам. Даҳ рӯз аз байн гузашту маро телефон карда, ҷеғ заданд, ки ба Маҷлиси Олӣ оям. Вақте рафтам, Ҷаноби Олӣ маҷлис карда гуфтанд: — «Ман бовар карда, шуморо интихоб кардам, кӯшиш кунед, ки софдилона кор кунед». Ман баъди суханронӣ ба Президент ташаккур гуфтам, ки ба синну соли ман нигоҳ накарда, ин масъулиятро ба дӯшам гузоштанд, зеро ҳозир дар Маҷлиси миллӣ ва намояндагон аз ҳама калонсол манам. 

-Баъди вакилӣ дар ҳаёти шумо чӣ тағйирот сурат гирифт? 

-Дар тафаккури ман хеле чизҳо тағйир ёфт… Дар зиндагиву рӯзгорам не. Қонунҳоро омӯхтам, чанд лоиҳаи қонун пешниҳод кардем…

Чаро заҳмати эҷодкор қадр намешавад?

-Огоҳам, ки чандин маротиба дар парлумон дар мавриди аз нав қабул кардани Қонун дар бораи «Ҳуқуқи муаллиф» нутқ ироа кардед. Моҳияти ин қонун аз чӣ иборат аст ва қабули он дар кадом зина қарор дорад?

-Бубинед, дар оилаи мо ду профессор – шавҳарам Шаҳбоз Кабиров ва писарам Хуршед Кабиров ҳастанд. Ин ду нафар барои ширкат дар ягон конфронс ё нишаст аз шом то субҳ, шабзиндадорӣ карда маърӯзаи илмӣ менависанд. Рафта, баромад мекунанд, аммо ҳаққи заҳмати онҳоро касе пардохт намекунад. Ман наздикони худро мисол овардам, аммо қариб ҳамаи эҷодкорон  чунин  зиндагӣ мекунанд. Шоир барои шеър, нависанда барои асараш як тин ҳам намегирад. Дар панҷ сол як китобамонро нашриёт чоп мекунад, ки бар ивази ҳаққи қаламаш китобамонро мехарем. Эҷодкорон аз субҳ то шом дар радиову телевизион ҳарф мезананд, аммо касе як дирам ҳам барояшон намедиҳад. Айни замон асардуздӣ – плагиат хеле зиёд аст.  Бинобар ин, гумон мекунам, ки аз нав қабул кардан, ба меъёри муосир ва байналмилалӣ мутобиқ кардани Қонун дар бораи «Ҳуқуқи муаллиф» хеле зарур аст. Татбиқи ин қонун ба баланд шудани мавқеи аҳли зиё ва ҳимояи ҳуқуқи эшон мусоидат мекунад.  Ҳамчунин, ман пешниҳод кардам, ки назорати ҳуқуқи муаллиф аз Вазорати фарҳанг ва Маркази миллии патенту иттилот гирифта шавад, зеро ин ду ниҳод ба мардуми эҷодкор  робита надоранд. Агар ягон нафар аробача созад, Маркази миллии патенту иттилот иҷозат медиҳад, Вазорати фарҳанг бошад, ба олимону шоиру нависандагон тамоман таваҷҷуҳ намекунад. Барои онҳо раққосаҳо ва ҳофизони тӯйгард зиёӣ мебошад. Инро ба ин сабаб мегӯям, ки қаблан ба хориҷи кишвар дар баробари ҳунармандон шоиру нависандагон ҳам мерафтанд, ҳозир Вазорати фарҳанг онҳоро сарфи назар мекунад. Бинобар ин, пешниҳоди ман ин аст, ки назорати иҷрои Қонун дар бораи «Ҳуқуқи муаллиф» ба дӯши Вазорати адлия вогузошта шавад.

-Бубинед, дар парлумон вакилон дар татбиқи қонунҳо озод ҳастанд? Ё касе даҳони эшонро мебандад?

-Не, касе даҳони моро намебандад, аммо мо воқеан, ҳанӯз дар низоми қонунгузорӣ ва давлатдорӣ мушкилоти зиёд дорем. Мисол, Прокурори генералӣ омада, ба Маҷлиси Олӣ ҳисобот дода мегӯяд, ки дар кишвар 7000 нашъаманд дорем. Ман суол медиҳам, ки чанд нуқтаи фурӯши маводи мухаддир дар кишвар фаъолият дорад? Прокурор мегӯяд, ки мо инро муайян карда наметавонем. Пурсидам, ки «О, чӣ тавр наметавонед, ки мардуми маҳаллӣ ҳама медонанд, ки шавҳараш ё фарзандаш аз кадом хона нашъа мехарад, аммо шумо ҳомиёни ҳифзи тартибот хабар надоред?». «Э, муаллима ба шумо маълумоти бардурӯғ мерасонанд, ин ҳарфҳо беасос аст»-мегӯяд, прокурор. Ман гуфтам, ки мардум ба дод омадаанд, ки нашъафурӯшони маҳаллӣ маводи мухаддири прокурору милисаҳоро мефурӯшанд, чаро касе пеши роҳи онҳоро намегирад. Вакилони ҳамроҳам ба ман мегӯянд, ки ин гапҳо чӣ лозим, нагӯед. О, ман нагӯям, шумо нагӯед, як каси дигар нагӯяд, чӣ гуна ислоҳ мешавем. Халқ, Президенти кишвар ба мо бовар карда, моро таъин карданд. Дигар ин ки баъзе аз вакилони мо аз зиндагии воқеии мардум огоҳӣ надоранд, ки ин хеле бад аст. Ман фикр мекунам, ки дар байни вакилон бояд онҳое, ки аз зиндагии мардум огоҳанд, бояд зиёд бошанд. Масалан,  чаро аз журналистон депутатҳо нестанд? Ҳол он ки касе мисли инҳо мардумро намедонад.

-Мебинам, ки баъди узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ шуданатон ҳам, хонаатонро иваз накардаед…

-Ин хонаро соли 1985 Ҳукумати Шӯравӣ ба шавҳарам дода буд. Шумо фикр накунед, ки ман хеле сарватманд ҳастам, рости гап зиндагии мо базӯр мегузарад. Шавҳарам дар ду ҷо кор мекунанд. Ана, дар ҳамин чорҳуҷрагӣ чандин сол 2 келин, 8 набера ва ману шавҳарам зиндагӣ кардем. Писари хурдиам, дид, ки дигар ин тавр зиндагӣ кардан мушкил аст, ба иҷора кӯчида рафт. Ман борҳо ариза навиштам, ки ба мо кумак кунанд, ақаллан як хонаи якҳуҷрагӣ диҳанд, аммо посухе нашуд.

-Шумо дар куҷо истироҳат мекунед?

-Ман дар умрам ба истироҳатгоҳҳо нарафтаам. Ҳамасола аз ҷониби Ҳукумат барои мо роҳхат ҷудо мешавад, ки ман рафта, 1000 сомонӣ пулашро мегирам ва ба Панҷакент меравам.  Истироҳати ман дар хонаам аст, назди хонаамонро боғ сохтам, хеле сарсабзу хуррам, аммо ҳар сол аз Ҳукумати шаҳр бо булдозер меоянд, ки боғро нобуд кунанд, дарахтони сарсабзро бо трактор пахш карда мераванд. Мана, ҳозир боғи зебои мо партовгоҳ шуд…

 -Ташаккур барои суҳбати самимӣ.

Мусоҳиб Одил Нозир,

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *