Мебурранду мекушанду мепарронанд.Чаро мо бетарафем?
Давоми соли равон масъулини хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон наздики 670 ҳолати расонидани зарар ба ҷангалро муайян карданд.
Мираҳмад Давлатов, муовини Директори муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон дар суҳбат ба Pressa.tj, гуфт, ҷаримаи ин қонунвайронкуниҳо беш аз 232 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ӯ мегӯяд, давоми соли ҷорӣ, 399 буриши ғайриқонии ҷангал, дар 104 ҳолат худсарона чаронидани чорво, 131 санади бе иҷозат ҷамъоварии маҳсулоти ҷангал ва 16 ҳолати шикори ғайриқонунии парандагону ҳайвонҳоро ошкор намудаем.
Ба гуфтаи Мираҳмад Давлатов дар аксарияти маврид буриши ғайриқонунии дарахтон аз ҷониби ноболиғон содир мешавад. Вақте кӯдак ба ҷангал ворид шуд нигоҳ намекунад дарахт хук аст ё сабз ва ё дарахт дар рӯйхати дарахтони нодир аст,-афзуд вай.
“Мутаассифона, дар бисёр маврид қонунвайронкуниро нафароне содир мекунанд, ки дар ноҳияҳои кӯҳистон ва атрофи ҷангалзор зиндагӣ мекунанд. Аммо мо масъулин баҳри ҳифз ва муҳофизати ҷангал пайваста миёни мардум вохурӣ гузаронида, нақшаи бунёд ва барқарор кардани ҷангалзорро ҳамасола барзиёд иҷро мекунем”,-мегӯяд ӯ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ