Медали биринҷии варзишгарони тоҷик аз Чемпионати Осиё
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати варзиши сабуки Осиё дар иншооти пўшида, дар риштаи эстафетаи 4х400 метр сазовори медали биринҷӣ шуданд, ки ин аввалин медали варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё дар иншооти пўшида аст.
Ин мусобиқа дар шаҳри Остонаи Қазоқистон бо иштироки беш аз 500 варзишгар аз 31 кишвари қора баргузор шуд.
Тоҷикистонро дар ин чемпионат 7 нафар намояндагӣ карданд, ки инҳо Илдар Аҳмадиев, Фаворис Музрапов, Леонид Пронженко, Александр Пронженко, Муҳаммадризо Мирзозода, Мирсаид Мирзозода буданд.
Варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои дав ба масофаҳои 60 метр, 400 метр, 800 метр, ҳафтҳарба ва эстафетаи 4х400 метр рақобат карда, танҳо дар эстафета ҷойи сеюмро гирифтанд. Ба тими Тоҷикистон Леонид Пронженко, Александ Пронженко, Муҳаммадризо Мирзозода ва Мирсаид Мирзозода шомил буданд.
Дар масофаи 60 метр Фаворис Музрапов дар даври интихобӣ дар гурӯҳи худ бо натиҷаи 6.81 сония сеюм шуд ва ба нимфинал роҳ ёфт. Фаворис бо ин натиҷа рекорди Тоҷикистонро дигар кард. Ў дар нимфинал натиҷаи 6.85-ро нишон дода, аз идомаи сабқат маҳрум шуд. Илдар Аҳмадиев бо сабаби лат бардоштан натавонист ширкат кунад.
Дар масофаи 400 метр низ бародарон Леонид ва Александ Пронженко то нимфинал рафтанд. Леонид инчунин дар ҳафтҳарба ва Муҳаммадризо Мирзозода дар дав ба масофаи 800 метр сабқат карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ