Медали биринҷии варзишгарони Тоҷикистон аз Чемпионати ҷаҳон (аудио)

Варзишгарони тоҷик Оятулло Қамарӣ ва Неъматулло Арсонқулов дар Чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни варзишгарони собиқадор медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни собиқадорон дар шаҳри Кракови Полша бо иштироки 837 варзишгар (743 мард, 94 зан) аз 60 давлат доир гашт.

Ҷумҳурии моро дар чемпионат 10 варзишгар миёни мардон намояндагӣ карданд: Қутбиддин Баҳодуров (-60 кг), Абдулфайз Солеҳов (-73 кг), Соҳибназар Ҳақназаров (-73 кг), Ҷонибек Маҳмудзода (-81 кг), Шоҳҳусейн Раҳимов (-81 кг), Валӣ Султонзода (-90 кг), Оятулло Қамарӣ (-90 кг), Фаридун Устопиров (-100 кг), Собир Шарифов (-100 кг) ва Неъматулло Арсолқулов (+100 кг).

Оятулло Қамарӣ дар вазни -90 кг миёни варзишгарони синну соли худ сабқатро аз даври чорякфинал оғоз карда, аз намояндаи Озарбойҷон Мурод Раҷаблӣ мағлуб шуд. Сипас ў дар даври тасаллобахш бар варзишгари Словакия Эрнест Матус ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар намояндаи Испания Ҷуан Антонио Тортелла Барбас пирўз гардид.

Неъматулло Асронқулов низ дар вазни +100 кг дар чорякфинал аз варзишгари Гурҷистон Звиад Тсиклаурӣ шикаст хӯрда, баъдан дар даври тасаллобахш бар намояндаи Озарбойҷон Айаз Умудалиев ва дар нерўсанҷӣ барои ҷои сеюм бар намояндаи Полша Томас Биз ғалаба кард.

Ҳамчунин Қутбиддин Баҳодуров (-60 кг) ҷои панҷум ва Шоҳҳусейн Раҳимов (-81 кг), Фаридун Устопиров (-100 кг) ҷойи ҳафтумро сазовор шуданд.

Дар ҳисоби даставӣ Тоҷикистон миёни 60 давлати иштирокчӣ бо 2 медали биринҷӣ, як ҷои панҷум ва ду ҷои ҳафтум дар ҷои 41-ум мавқеъ гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *