“Ҷасорати сол”: Табибе, ки дар назди Президент ашк рехта буд…

Муҳаммадҷон Ҳусейнов, табибе, ки дар назди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ашк рехтаву соҳиби хона ва шомили Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон шуд, соҳиби дипломи “Ҷасорати сол-2020”-и ҳафтаномаи “Тоҷикистон” гардид.

Дипломро ба ғолиб намояндаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” тақдим кард ва гуфт, ки “Муҳаммадҷон Ҳусейновро хонандагони ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj дар заминаи як пурсиш “Ҷасорати сол-2020” эътироф карданд”.

Номи Муҳаммадҷон Ҳусейнов, табиби тоҷик аввали моҳи май бо як муроҷиатномаи видеоӣ расонаӣ шуд. Ӯ дар шабу рӯзи доман паҳн кардани бемории коронавирус аз табибоне, ки дар рӯзҳои сахт мардумро партофта, аз кор гурехтанд, танқид кард. Баъдан, ӯ дар Рӯзи кормандони тиб ва мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон боиси ситоиш ва намунаи ибрат дониста шуд.

Бо дастури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин табиби ҷавон барои ҷасорат ва ҳисси баланди ватандорӣ соҳиби хонаи 2-ҳуҷрагӣ гардид. Инчунин, барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуд. Ҳоло ӯ дар шуъбаи “Ёрии таъҷилӣ”-и Беморхонаи “Истиқлол” фаъолият дорад. Мувофиқи пурсишнома 74% пурсидашудагон амали Муҳаммадҷон Ҳусейновро «Ҷасорати сол» арзёбӣ карданд.

Ёдрас мешавем, ки ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj ҳар сол моҳи декабр барои муайян кардани 10 чеҳраи намоёни сол пурсиш анҷом медиҳад. Дар чанд соли охир ин чеҳраҳо пайваста тағйир меёбанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *