111 млн. сироят, 2,5 млн. фавт. Коронавирус кай меравад?

Айни замон дар ҷаҳон гирифторони бемории сироятии коронавирус ба 111 миллион нафар баробар аст, ки дар миёни онҳо  2,5 миллион нафар  ҷони худро аз даст додаанд.

Кай пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ба охир мерасад? Ба ин савол Ҳанс Клюге, роҳбари дафтари минтақавии Аврупо оид ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба “РИА Новости” чунин ҷавоб гуфтааст: «Пандемияи коронавирус аввалҳои соли 2022 хотима меёбад”.

Ба таъкиди ӯ, вирус минбаъд аз байн намеравад, танҳо зарурати идома додани маҳдудиятҳо намемонад.

Зимнан, Клюге таъкид кардааст, ки ин танҳо пешгӯӣ аст ва ҳоло ҳеҷ кас намедонад, ки вазъияти минбаъда чӣ гуна рушд хоҳад кард.

Боиси таъқид аст, ки як моҳи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати   гирифтори шаҳрвандон аз коронавирус сабт нашудааст. Вазири тандурустӣ ва ҳифҳи иҷтимоӣ Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти хабарӣ ҳам таъкид намуд, ки Тоҷикистон бар коронавирус пирӯз омад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *