300 сомонӣ ҷарима барои надоштани ниқоб

Мақомоти шаҳри Хуҷанд эълон кардааст, ки дар сурати риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷумла надоштани ниқоб сокинон ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима карда мешаванд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд мақомоти шаҳри Хуҷанд барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ҳамарўза дар шаҳр корҳои фаҳмондиҳию машваратӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеаро роҳандозӣ кардааст.
Гуруҳҳои корӣ бо ронандагону мусофирон ва сокинону меҳмонони шаҳр, ки дар истгоҳҳои нақлиётӣ ҷамъ мешаванд, корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд.

Қайд карда шудааст, ки то ҳол бархе аз ронандагону мусофирон бидуни ниқоб буда, нибат ба саломатии худ ва атрофиён беаҳамият мебошанд.
“Ҳол он, ки фориғболию бепарвоии сокинон нисбат ба ин бемории сироятӣ яке аз сабабҳои паҳншавии он мебошад. Чунин бепарвоӣ метавонад, ки мизони мубталошавии мардумро дар як муддати кутоҳ боло барад”, — таъкид доштааст манбаъ.

Манбаъ ёдрас шудааст, ки тибқи моддаи 113 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ҳангоми риоя накардани қоидаҳои мубориза бо эпидемия ва дигар бемориҳои сирояткунанда, аз ҷумла барои дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бар хилофи талаботи махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ бе ниқоб қарор доштан, ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Бояд гуфт, ки андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо тибқи қонуни Тоҷикистон 60 сомонӣ муқаррар гардидааст.

Мақомоти шаҳри Хуҷанд аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар ҳама ҳолат қоидаҳои беҳдоштро риоя намоянд ва ҳатман аз ниқобҳо истифода баранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *