Бе ваксина ба ҳавопаймо савор намекунанд?

Ба идораи Pressa.tj шаҳрвандони Тоҷикистон, ки чипта ба даст овардаанду дар мавсими тобистона мехоҳанд ба Россия парвоз кунанд, бо суоли ваксинагузаронӣ муроҷиат намуданд.

Онҳо бо пурсишҳои худ донистан мехоҳанд: Оё ҳатман зарур аст, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба самти Россия парвоз мекунанд, ваксина гиранд? Агар онҳо дар маъракаи ваксинагузаронии аҳолии Тоҷикистон, ваксин нагирифта бошанд, мақомоти назоратии фурудгоҳ барои парвозашон иҷозат медиҳанд?
Ин пурсиши хонадагонро ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ирсол кардем.

Тавре ки сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоқикистон Наврӯз ҶаЪфаров хабар дод:

-Дар Тоҷикистон Ҳукумат ваксинагузаронии ҳатмиро барои шаҳрвандони калонсол (аз синни 18 сола боло) бар зидди COVID роҳандозӣ намуд. Зарурияти фармони мазкур аз 10 июли соли ҷорӣ ба ҳукми қонун медарояд. Дар айни ҳозир шаҳрвандони кишвар метавонанд аз ваксинаҳои истеҳсоли ҳиндӣ AstraZeneca ва чинии CoronaVac истифода намоянд.

Вале, шаҳрвандоне, ки тасмим гирифтаанд ба хориҷи кишвар раванд, набояд дар Тоҷикистон ваксина гиранд, зеро муҳлати пурраи ваксинагузаронӣ аз ду давраи дарозмуддат иборат аст.
Агар шаҳрванд давраи аввали ваксинаро дар Тоҷикистон гирад, шояд дар хориҷ аз кишвар нусхаи хоси ҳамон ваксинаро наёбад. Аз ин рӯ, шахсоне, ки ба хориҷи кишвар парвоз мекунанд, бояд бо худ маълумотнома аз мутахассисони касбии озмоишгоҳҳои боэътимод оид ба гирифтор набуданашон ба бемории коронавирус пешниҳод намоянд. Ин барои парвози мусофирон ба самтҳои дахлдор мусоидат мекунад.
Нелли Дейнарович

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *