Нуруллозода: Шиддати бемории сил дар Суғд кам шудааст

Аз соли 1997 бо қарори Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурусти (ТУТ) 24 март рўзи умумиҷаҳонии мубориза зидди бемори сил эълон гаштааст.

Солим нигоҳ доштани аҳолӣ ва ташкил намудани чорбиниҳо оид ба пешгирӣ ва паст намудани гирифторшавӣ ва фавт аз бемории сил маҳаки асосии стратегияи пешгирифтаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мебошад.

Таърихи гузаштаи инсоният гувоҳи он аст, тамоми бемориҳое, ки инсониятро ба таври эпидимикӣ фаро гирифта буданд (вабо, нагзакон (чўтуршавӣ), полимиелит, домана ва ҳайра) маҳз бо кўшишва ҳамдастии қисми бошуури ҷамъият аз байн рабуда шуданд. Имрўз навбат ба бемории сил расидааст. Аз ин рў ҳар сол Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ бо назардошгти он ки ҷамъият ҳар чи зиёдтар нисбати бори вазнини бемории силро кам намудан, диққати тамоми оламро ба ин масъалаи мубрам ҷалб карданист.

Мубориза зидди бемории сил дар ҷумҳурӣ аз соли 1929 оғоз гардида буд, дар он замон дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии фтизиатр- И.П.Варик ҳуҷраи зиддисилӣ (тубкабинет), сипас диспансери зиддисилӣ кушода шуд. Минбаъд ин диспансер ба Паҷўҳишгоҳи илмию тадқиқотии бемориҳои сил мубаддал гашт. Соли 1934 чунин ҳуҷра дар шаҳри Душанбе бо талоши пионери соҳаи фтизиатрияи ҷумҳурӣ В.П. Мудрох ташкил карда шуд. Соли 1935 диспансери аввалин дар шаҳри Душанбе кушода шуд. То кушода шудани ин муассисаҳо ба беморони сил муассисаҳои тибби умумӣ ёрии тиббиро мерасониданд.

Бино ба маълумоти табибони соҳа, дар он давра беморони сил зиёд буданд, агарчи дарёфти фаъоли беморон гузаронида намешуданд. Танҳо бемороне, ки муроҷиат мекарданд, ба қайд гирифта мешуданд. Вазъи бемории сил дар солҳои 50 – 60 асри гузашта бениҳоят ташвишовар буд ва дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд то 560 дар 100 ҳазор аҳолиро ташкил медод. Соли 1945 дар назди диспансерҳо ҳамагӣ 750 кат аз ин 330 кати санаториявӣ буд. Соли 1950 дар муассисаҳои зиддисилии ҷумҳурӣ 65 табиб, аз он ҷумла 24 фтизиатр кор мекард. Айни ҳол танҳо дар вилояти Суғд 18 маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил мавҷуд буда, сетои он  дорои шўъбаҳои муолиҷавӣ мебошанд, шумораи табибони силшинос  40 нафарро ташкил медиҳанд. Тамоми марказҳо бо таҷҳизоти ҳозиразамони ташхисгузорӣ, ки ба стандартҳои ҷаҳонии тиб мувофиқат мекунанд, таъмин гардидааст.

Ба гуфти мудири  шўъбаи кўдаконаи « Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили вилояти Суғд» Навбаҳори Зоҳирҷон, бинобар ташкили дурусти чораҳои зиддисилӣ дар ҷумҳурӣ ва муолиҷаи  реҷавӣ ба беморони сил  муоинаи экспедитсионии дарёфти бемории сил  байни аҳолӣ ва назорати беморони сили қаблан табобатгирифта,  табобати саривақтии зиддихурўҷии онон ба он оварда расонид, ки бемории сил дар қисмати шимолии кишвар коҳиш ёфт.Бояд қайд намуд, ки воридшавӣ бо услуби нави ДОТС (Курси кутоҳмуддати табобати кимиёи) –и беморони сил кўмаки беҳамто ба пастшавии бемории сил расонид.

Қайд намудан зарур аст, ки дар кам намудани бемории сил шарикони байналхалқи аз рўи мақоли «Бемории сил имрўз дар хонаи Шумо, вале он дар пушти дари мо» амал намуда, ҳайр аз ҳамкории касбӣ бо табибон ва омўзиши онҳо, дар кўмаки иқтисодии беморон саҳми арзанда гузоштанд.

«Ҳамаи чораҳои номбаршуда боиси он гашт, ки шиддати бемории сил дар вилояти Суғд ба дараҷае паст гардид, ки баъзе аз аҳли тиб дар ҷумҳурӣ ба нишондодҳои аслӣ бо шубҳа менигаристанд. Имрўз низ беморшавӣ дар вилояти Суғд тамоюли сол то сол камшавиро доро гашта, шаклҳои сили вазнин ва сўрохидори шуш дар баъзе ноҳияҳо умуман нест гардида, аҳён – аҳён ба назар мерасад,-гуфт сардори Марказ Умед Нуруллозода.

Ба гуфти ӯ,  сифатан ва миқдоран беҳтаршавии вазъи гирифторшавӣ ба бемории сил то соли 2019 ҷараёни табии дошта, оҳоз аз соли 2020 бинобар сар задани бемории ковид тамоми соҳаи тандурустӣ машғул ба мубориза зидди ин бемории аср гашта, ҳатто ҳолатҳои ба хатогӣ роҳ додан ба ташхисгузории тафриқавӣ байни сил ва ин беморӣ ба назар мерасид.

Зимни сӯҳбат маълум гашт, ки дар давраи мубориза зидди коронавирус ба корҳои санитарӣ – гигиенӣ ва зиддиуфунӣ эътибори махсус зоҳир гардид, пўшидани ниқоб, риояи масофа байни одамон, манъи ҷамъшавии одамон ва гузаронидани маҷлисҳо ва дигар оинҳои динӣ, табобати беморони ковид бо доруҳои зиддисилӣ боиси кам ошкор шудани бемории сил гардид.

У. Нуруллозода қайд намуд, ки гарчанде бемории сил соли 2020 бинобар сабабҳои номбаршуда кам гардида бошад, эҳтимолияти баробар шудан ба беморшавии соли 2019 ва ё аз ин зиёд вуҷуд дорад. Аллакай мушоҳидаҳо дар баъзе минтақаҳо шаҳодат медиҳанд, ки беморони сили дар соли 2019 ёфт нагардида дар 2 моҳи соли ҷорӣ ошкор шуда истодаанд.

«Новобаста аз вазъи ба вуҷудоянда нисбати бемории сил мо бояд натанҳо дар рўзи ягонаи 24 март, рўзи умумиxаҳонии мубориза зидди бемори сил, балки мунтазам вобаста ба касбият сафарбаркунии тамоми қишрҳои ҷамъият ва қисми бошуури аҳолиро барои паст намудани бемории сил ва кумак ба беморону табибон сафарбар намоем”, — илова намуд, сардори Марказ.

Мадина Почоева, журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *