Боз як фавт аз коронавирус. Вазорати тандурустӣ омори нав нашр кард

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, теъдоди умумии фавтидагон дар кишвар бар асари COVID-19 ба 72 нафар расид.

“Шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 ҳодисаи сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Ва 102 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 31 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд”,- гуфтааст вазорат.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ аз 30-юми апрел то 10-уми сентябр 8939 нафар гирифтори коронавирус шудаанд, ки аз ин 7714 нафар шифо ёфтаанд.

Амони Муҳаммад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *