Чанд омили бемории чашм

Чашм аз узвҳои асосии инсон аст. Кадом омилҳо боис ба пайдо шудани бемориҳои чашм мегарданд? Нақши  Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм дар ташхис, табобат ва пешгирии оризаҳои чашм чист?  Ба ин ва дигар пурсишҳо  бо Манижа Муминова, директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм», номзади илмҳои тиб,  суҳбат кардем, ки фишурдаи онро пешниҳоди  хонандагон мегардонем.

-Манижа Джумамуродовна, ибтидо дар бораи  Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм каме маълумот диҳед. Имрӯз фаъолияти он дар кадом поя қарор дорад?

-Тавре ки аз номи марказ бармеояд, он ҷумҳуриявӣ мебошад. Яъне, аз тамоми манотиқи Тоҷикистон ва ҳатто берун аз он  беморони чашмро қабул ва ба табобат фаро мегирем. Ҳоло дар муассисаи мо 27 табиб ба беморон хизмат мерасонанд, ки аз он 6 нафар табиби ҷарроҳ мебошанд. Дар марказ дармонгоҳи калонсолон ва кӯдакона фаъолият мекунад. Табибони мо пайваста баҳри баланд бардоштани савияи дониши худ аз такмили ихтисос мегузаранд. Ҳатто ба хориҷи кишвар сафар карда, мубодилаи таҷриба мекунанд. Ҳар сол  табибони мо дар чашми одамон садҳо ҷарроҳиҳои нурӣ мегузаронанд. Соли равон дар марказ 3 ҳазору 539 нафар бемор муолиҷа ёфтаанд, ки қисми зиёдашон гирифтори бемориҳои чашмпарда, бемориҳои қарния ва оби марворид мебошанд. Дар марказ шуъбаи дармонгоҳӣ низ мавҷуд буда, дар соли равон 4 ҳазору 398 нафар ба ин дармонгоҳ муроҷиат намудаанд, ки 1829 нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд.

Азбаски  соли сипаришуда маркази мо бинобар пандемияи COVID-19  дар карантин қарор дошт, беморони чашм  камтар муроҷиат кардаанд.  

— Ба ақидаи олимони тиб,  90 фоизи маълумоти атрофро инсон бо чашми сар қабул мекунад. Ҳамчун мутахассис мегуфтед, ки кадом роҳҳо метавонанд, ки чашмро аз ҳар гуна хатарҳо ҳифз кунанд?

-Инсонро зарур аст, ки дар ҳама ҳолат чашмони хешро аз таъсири ҳар гуна зарбаҳо эҳтиёт кунад.  Андаке бепарвоӣ ва беэҳтиётӣ  сабаб мегардад, то кас қобилияти биноияшро аз даст диҳад, ҳаёташро тираву норавшан созад. Аз ин рӯ,  ҳар як бемории чашме, ки таҳти таъсири ин ё он омил ба вуҷуд меояд, нороҳатиҳои зиёд ба бор меорад. Дар ин лаҳзаҳо табибони чашм ҳамеша ба ёрӣ омодаанд.

-Умуман, омили асосии бемориҳои чашм кадоманд?

-Сабабҳо гуногунанд. Аммо, аслан гирифтори бемории чашм дар инсон модарзодӣ, риоя накардани  гигиенаи босира, инфексияҳо, осебҳо  ва истифодаи аз меъёр зиёди воситаҳои техникӣ, ба монанди компютер, телевизор, телефонҳои мобилӣ мебошанд. Ҳатто, никоҳи хешутаборӣ ҳам метавонанд, ки ба бемории чашм сабаб гарданд.

-Мушоҳида мешавад, ки бештари гирифторони бемории чашм ҷавононанд. Воқеият чист?

-Дуруст, аммо дар ин байн калонсолон ҳам кам нестанд. Пайдо шудани бемориҳои чашм дар миёни ҷавонону наврасон ин  нодуруст истифода бурдани технологияи нав, аз ҷумла телевизор, телефон ва компютер мебошад. Имрӯз мо дар асри технологияҳои нав, суръатҳои кайҳонӣ, муҳит ва авзои  номусоиди экологӣ  зиндагӣ дорем. Албатта, ҳамаи ин ба чашмони мо таъсири манфӣ мерасонанд. Вале  бештари табобат ва барқарор намудани бемориҳои чашм аз худи инсон вобаста аст.  Бояд ҳар нафар дар ҳолати гирифтор шудан ба ин беморӣ сари вақт ба духтур муроҷиат намояд. Беҳуда нагуфтаанд, ки илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ аст. Бемориҳои пардаи чашм, хуншории дохили чашм, наздикбинӣ, дурбинӣ, дурбинии синнусолӣ, бемориҳои илтиҳоби чашм ва баъзе оризаҳое, ки аз бемориҳои диабети қанд, тарбод, фишорбаландӣ, дилу хун ва сироятӣ вобастаанд, аз ҷумлаи бемориҳое мебошанд, ки дар ҳолати саривақт ба духтур муроҷиат намудан,  метавонанд барои барқарор намудани нури чашм мусоидат намоянд. Аз ин лиҳоз, ҳар як инсон бояд соле на камтар аз ду маротиба аз назорати  табиби чашм гузарад.

-Дар маркази шумо барои табобати чашм шароит фароҳам аст?

-Албатта, дар замони соҳибистиқлолӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табобати бемориҳои чашм тамоми шароит фароҳам  оварда шуд.Ба маркази мо беҳтарин таҷҳизоти муосир, аз қабили  YAG- лазер,  рефрактометрияи  чашм, томографияи оптикии когерентӣ, факоэмулсификатор, ИОЛ-мастер, кросслингинг, авторефкератометр, витреотом, маҷмӯи микроҷарроҳии чашм, чароғакҳои заррабин, фундус-камера М-5,  визометр, авторефрактометр, биомикроскоп, лазери сабз   ва ғайра аз хориҷи кишвр ворид гардидаанд. Воқеан ҳам, ин дастгоҳҳо нодир ва кори табибонро бамаротиб осон карданд. Вақти беморон низ хеле сарфа шуд. Агар пештар беморон баъди ҷарроҳии чашм аз як ҳафта зиёд бистарӣ мешуданд, ҳоло бо роҳи  ҷарроҳӣ бо истифода аз  таҷҳизоти муосири тиббӣ, ҳамагӣ 1-2 рӯз бистарӣ мешаванд. Ҳатто,  беморон метавонанд на танҳо дар хориҷ, балки дар  Тоҷикистон  чашмони худро ташхису табобат ва ҷарроҳӣ кунанд. Ҳамаи ин пешравиҳои Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст. 

-Факоэмулсификатор ва ИОЛ-мастер барои чист?

-Факоэмулсификатор усули микроҷарроҳии чашмпарда мебошад. Дар ин тарзи ҷарроҳӣ вақт сарфа ва оризаҳо кам ба чашм мерасанд. ИОЛ-мастер таҷҳизотест, ки барои аниқ кардани андозаи булураки чашм истифода мешавад. 

— Ба маркази шумо аз хориҷа ҳам барои табобат муроҷиат мекунанд?

-Албатта. Аз кишварҳои  Ӯзбекистону Қазоқистон ва Қирғистон барои табобати чашм ба маркази мо бештар муроҷиат мекунанд.

-Маҳбубият ва бартарияти Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашмро дар чӣ мебинед? Зимнан, чанде аз табибони варзидаи онро номбар мекардед.

-Маркази мо, пеш аз ҳама таърихи куҳан дорад. Аз ибтидо то имрӯз дар марказ табибони шинохтаи чашм фаъолият карда, дар қалби мардумҷой гирифтаанд. Аз ҷумла,  Сафаралӣ Мирзоев, Манучеҳр Муминов, Александр Александрович, Олуча Носиров  таҷрибаи бой дар амалиётҳои ҷарроҳӣ ва табобати чашм доранд. Табибони дигар, ба монанди  Саъдулло Мардонов,  Шамсулло Мирзоназаров, Фахрӣ Мирзоев, Амрулло Ғиёсов, Александр Еникеев, Меҳринисо Назифова, Абдуҳаннон Воҳидов, Сайёра Қосимова, Башора Алиева, Хуморбибӣ Ширинова солҳои зиёд аст, ки дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм ба ташхису табобати чашм машғул ҳастанд. Умуман, табибони мо дар муошират, амалиётҳои ташхису табобат ва ҷарроҳӣ пешсафанд. Аз ҳама муҳим,  бо мизоҷон муоширати хуб доранд. Шояд ин омилҳо боиси  баланд будани нуфузу эътибори маркази мо бошад. 

-Оё Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм  ҳамчун маркази илмиву таълимӣ низ ба ҳисоб меравад?

-Бале, он на танҳо муассисаи табобатӣ, балки бузургтарин маркази илмиву таълимӣ аст. Дар маркази мо кафедраи  бемориҳои чашми Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиббии Тоҷикистон  ҷойгир аст. Мудири он номзади илмҳои тиб, дотсент, Корманди шоистаи Тоҷикистон Сафаралӣ Мирзоеев мебошад.  Нақши номбурда дар омода намудани табибони чашм муассир аст. Инчунин, дар  самти табобат, ҷарроҳии чашм ва дастгирии кадрҳои ҷавон  мудири шуъбаи якуми марказ, Аълочии тандурустии Тоҷикистон Манчеҳр Муминов ва табиби варзида  Фахрӣ Мирзоев саҳми намоён мегузоранд.

-Хизматрасониҳои тиббӣ  дар маркази шумо чӣ гуна аст?

— Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм  дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №600 фаъолият менамояд. Яъне, пардохти маблағ ба таври расмӣ дар хазинаи марказ сурат мегирад. Маблағ низ вобаста ба намуди беморӣ ва тарзи табобати он пардохт мешавад.

-Киҳо метавонанд ройгон табобат гиранд?

-Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №600 аз 2-юми декабри соли 2008 шахсони имтиёздошта дар алоҳидагӣ номбар шудаанд: иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанги Афғонистон ва нафароне, ки ба онҳо баробар карда шудаанд, муолиҷаи бепул мегиранд. Ҳамчунин, шахсони аз ҳаштодсола боло ва маъюбони гуруҳи 1 ва 2 имтиёз доранд. Илова бар ин, беморон аз оилаҳои камбизоат дар асоси маълумотномаи ҳукумати ноҳияҳо ройгон табобат мегиранд.

-Ҳамчун мутахассис барои солим нигоҳ доштани чашм чӣ тавсия медиҳед?

— Ба нафароне, ки пайваста бо компютер кор мекунанд, маслиҳат дода мешавад, ки дар як сол як маротиба аз назорати духтури чашм гузаранд. Ин гуна шахсон бояд реҷаи кориро риоя кунанд, то биноии чашмашон паст нашавад. Ҳангоми  кор бо компютер ҳар як нафар бояд аз айнакҳои махсус истифода барад, то нурҳои электромагнитие, ки аз  компютер пош мехӯранд, ба чашми онҳо зарари худро нарасонанд. Ҳамзамон, барои пешгирӣ аз бемориҳо дар байни наврасон ташхиси ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.

Дар организм нарасидани витаминҳои А ва Е низ сабаби камшавии нури чашм шуда метавонад. Аз ин рӯ, ба нафарони биноии чашмашон паст истеъмоли меваҳое, ки ранги зард доранд, инчунин, гӯшт ва равғани моҳию ҷигар, ки аз ин витаминҳо бой мебошанд, тавсия дода мешавад.

Мусоҳиб Усмон  Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *