Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

COVID 19. Омори фавту шифоёфтагон дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон давоми 3 рӯзи охир аз бемории сироятии коронавирус фавт ба қайд гирифта нашуда, ҳамагӣ 47 нафари пешинро ташкил медиҳад. Аммо  29 май  дар кишвар  123 ҳолати нави ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардид.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, то соати 17:20 дақиқаи 29 май дар Тоҷикистон 3686 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1769 нафар шифо ёфтаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, давоми шабонарӯзи гузашта 123 ҳолати нави ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Инчунин, то 29 май дар мамлакат 2228 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 331 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.  То  санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 47 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

Гуфта мешавад, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд.

Ба ғайр аз ин дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Барои таъмини беморхонаҳо бо доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводҳои худмуҳофизатӣ алайҳи мубориза бо бемории мазкур зиёда аз 45 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷет ва дигар ташкилотҳо ҷудо карда шудааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.