COVID-19. Омори гирифторон, шифоёфтагон ва фавт дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон  аз 30 апрел то 21 июн 5457  нафар бо ташхиси сирояти коронавирус ошкор гардидаанд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, то кунун дар мамлакат 3995 (72.4%) нафар шифо ёфта, аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

«Дар як шабонарузи охир 61 нафар шаҳрвандоне, ки зери назорати табибон қарор доштанд, пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуд манбаъ.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *