Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

COVID-19. Омори нави гирифторон ва шифоёфагон дар Тоҷикистон

Гирифтори бемории коронавирус дар Тоҷикистон аз 30 апрел то 1 июл ба 6005 нафар расидааст. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ,  давоми як шабонарӯзи гузашта дар  Тоҷикистон 51 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардидааст.  То  имрӯз дар мамлакат 4627 нафар ё худ 77%-и гирифторон аз COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

«Шабонарӯзи охир 248 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 59 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуд манбаъ.

Вазорат мегӯяд, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.