COVID-19 сироят мекунад Амрико ҳушдор медиҳад: Ба Испания, Португалия, Қибрис ва Қирғизистон сафар накунед!!!

Маркази ИМА оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо ва ҳам Департаменти давлатӣ ба шаҳрвандони кишвараш ҳушдоре нашр карданд, ки бо сабаби афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ ба COVID-19 ба чанд кишвар, аз ҷумла, Испания, Португалия, Қибрис ва Қирғизистон сафар накунанд.

Дар ҳоле, ки ниҳоди аввал гуфтааст, ин кишварҳо ба гурӯҳи чоруми хатар ворид шуда, шаҳрвандон бояд аз сафар ба ин кишварҳо “худдорӣ кунанд”, Департаменти давлатӣ низ гуфтааст, ба ин кишварҳо “сафар накунед”.

Дар рӯихати ин ду ниҳод ҳамчунин Арманистон гаштааст, ки аз назари хатари паҳншавии COVID-19 ба гурӯҳи сеюм шомил карда гуфтааст, ки афроди эмнашуда бояд аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунанд.

Маркази пешгирии бемориҳои ИМА бори охир моҳи июн як машваратномае оид ба сафар ба 110 кишвари ҷаҳон нашр карда буд, вале зоҳиран афзоиши ҳодисаҳои олудашавии нав дар ҷаҳон мақомоти амрикоиро водор кард, ки ҳушдори наве содир кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *