Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

COVID-19. Вирусологҳои Ӯзбекистон аз Тоҷикистон рафтанд

Сафари 8 нафар табибони Ӯзбекистон, бо шумули пулманолог, реаниматолог, эпидемиолог, вирусолог ва ҳамшираи тиб, ки дар Тоҷикистон қарор доштанд, ба анҷом расид.

21 май дар  мулоқот бо мутахассисони ӯзбекистонӣ муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Саида Умарзода ва Шодихон Ҷамшед аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти вазорат ба ин табибон, ки тӯли чанд муддат дар кишвар ба ҳамкасбони хеш барои пешгирии бемории COVID-19 кумак расониданд, изҳори миннатдорӣ баён намудаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, роҳбари гурӯҳи табибони варзидаи Ӯзбекистон Неъматҷон Иброҳимов иброз доштааст: “20 май мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро бо роҳбарону кормандони муассисаҳои тандурустӣ тариқи телевизион тамошо намудам. Аз он  шод шудаст, ки Сарвари давлати Тоҷикистон ба масъалаи пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории COVID-19 таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд”.

Номбурда иброз доштааст, ки бо андешидани тадбирҳои қатъӣ Тоҷикистон метавонад дар кӯтоҳтарин муддат ба ин беморӣ ғолиб ояд.

Ҳамзамон,  Неъматҷон Иброҳимов ба таҷриба ва дониши мутахассисони тоҷик дар самти ошкор ва пешгирии бемории коронавирус баҳои баланд додааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.