Даргузашти доктор Болтабоев

Имрӯз мудири шӯъбаи нуқсонҳои модарзодӣ ва иқтибосии дили МД «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» Икром Болтабоев аз олам чашм пӯшид.

Икром Болтабоев, ки яке аз варзидатарин ҷарроҳони қалб дар Тоҷикистон ба шумор мерафт, моҳи сентябр гирифтори коронавирус шуд ва ҳарчанд рӯзҳои охир саломатиаш рӯ ба беҳбуд оварда буд, рӯзи 5 октябр хабари маргаш расид.

Икром Болтабоевро ҷарроҳи худодод мегуфтанд. Ӯ ҷони садҳо нафар хурдсолону калонсолонро наҷот додааст. Дар Тоҷикистон ӯ аввалин ҷарроҳе буд, ки дили тифли ҳамагӣ 3 кило вазндоштаро ҷарроҳӣ кард. Ӯ ҳатто дили тифли серӯзаи вазнаш 2,5 килоро ҷарроҳӣ карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *