Даргузашти профессор Солиев

Лутфулло Солиев, олими намоёни тоҷик, профессори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии факултети химияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои химия рӯзи 20 сентябр дар синни 79 аз олам чашм пӯшид.

Лутфулло Солиев соли 1941 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омада, соли 1964 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро бо дипломи аъло хатм кардааст.

Ӯ соли 1970 дар Пажӯҳишгоҳи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Украина (ш. Киев) рисолаи номзадӣ ва соли 1988 дар ҳамон ҷо рисолаи докториашро ҳимоя кардааст.

Профессор Солиев яке аз муаллифони ҷараёни нави илмӣ дар химия — муайян намудани мувозинатҳои фазагӣ дар системаҳои бисёркомпонента бо ёрии усули транслятсия аст.

Ӯ муаллифи беш аз 540 асари илмӣ, аз ҷумла, 3 монография, 5 китоби дарсӣ барои мактабҳои миёна ва олӣ, 16 дастури таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва 13 ихтироот мебошад. Аксари мақолаҳои профессор Солиев дар маҷаллаҳои бонуфузи хориҷӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ чоп шудаанд.

Даргузашти профессор Лутфулло Солиевро бисёриҳо як талафоти бузург барои илми тоҷик унвон мекунанд.

Тавре наздиконаш мегуянд, ӯ дар бемористони “Истиқлол” ҷон ба Ҳақ супоридааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *