Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Доктор Ҷава ба суҳбати хонандагони Pressa.tj ҳозир нашуд

Дирӯз сомонаи Pressa.tj хабар дода буд, ки дар мавриди коронавирус бо Доктор Ҷава суҳбати ихтисосӣ анҷом медиҳад. Хонандагон имкон доранд, ки бевосита дар ин суҳбат ҳамроҳ шуда, ба ӯ суол диҳанд. Аммо, мутаассифона, ин мусоҳиба анҷом наёфт.

Субҳи имрӯз Доктор Ҷава ба идораи Pressa.tj занг зад ва гуфт, ки табби баланд дорад ва бинобар ин ба суҳбат ҳозир шуда наметавонад.

Барои ин сомонаи Pressa.tj аз хонандагони худ узр мепурсад. Дар сурати ҳозир шудани Доктор Ҷава ба идораи сомона, хонандагонро огоҳ хоҳем кард.

-->

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Ҷамшед 04.02.2020 13:52

    Бубинед, худаш ба коронавирус мубтало нашуда бошад магар?

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.