Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Хидмат болотар аз ҳар имтиёз

Доктори илмҳои тиб, профессор Абдурасул Сангинов аз оғози бемории Covid-19 то ҳол ба ҳазорон нафар дар Тоҷикистон дармон бахшидааст.

Табобатҳои вай аслан аз шиносҳои наздикаш оғоз гардид ва тадриҷан сафи ниёзмандони кӯмак бештару бештар шуд. Ҳатто аз Руссияву Туркия ва кишварҳои дигар тоҷикон аз вай то ҳол кӯмак мехоҳанд. Онҳое, ки дар Душанбе ва атрофи он зиндагӣ мекунанд, шумораи телефони Сангиновро аз шиносҳояшон гирифта хоҳиш мекарданд, ки ба қабули вай раванд. Вале Сангинов пофишорӣ мекард, ки саргардон нашаванд ва кофист, ки акси рентгени қафаси синаро ба ӯ бифиристанд.

Барои чунин кор ҳам вақт камтар сарф мешуд ва ҳам дар шароити пандемия саргардониву навбатпоӣ барои қабули пизишк ташвиши беморро камтар мекард. Ба ин тартиб дар шароити пандемия вай роҳи нави муолиҷаи беморнро пайдо кард. Баъзе беморон ба самимияти суханони Сангинов бовар надоштанд. Вале вақте ки вай дар ҷавоб дорухат ё номгӯи доруҳо ва тарзи муолиҷаро дар паёмакҳо мефиристод ва телефонӣ шарҳу тавзеҳ медод, дигар шубҳае ба пешниҳоди табиб боқӣ намемонд.

Вай таъкид мекард, ки табиби минтақаи зисти худро пайдо кунанд ва пеш аз оғози муолиҷа он табиб бояд бо вай телефонӣ тамос гирад. Дар сӯҳбат ҷузъиёти муолиҷаро мефаҳмонд. Сангинов чун табиби бемориҳои қафаси сина мегӯяд, хушбахтона ҳамаи мизоҷоне, ки ба вай муроҷиа кардаанд, ба по хестаанд ва касе аз онҳо ноумед нашудааст.

Абдурасул Сангинов ҳам рисолаи номзадӣ ва ҳам рисолаи докториро дар мавзӯи бемориҳои қафаси сина ва роҳҳои нафаскашӣ дар Санкт-Петербург ҳимоя кардааст ва давраи аспирантураву доктарантураро дар назди пизишкони номдори ин шаҳр гузарондааст. Вай баъд аз ҳимояи рисолаи докторӣ ба Тоҷикистон баргашт. Дар бемористони Мачитон ба кор сар кард. Ҳамзамон дар донишгоҳи тиббӣ низ ба шогирдон дарс медиҳад ва чанд сол мудири кафедраи бемориҳои сил низ буд. Дар ин муддат ҳамчун устоди варзида ба вай унвони профессорӣ доданд.

Дар гузашта дар шифохонаи Мачитон бештар бемориҳои силро муолиҷа мекарданд ва барои муолиҷаи бемориҳои дигари қафаси сина ва роҳҳои нафас ин бемористон ба пулмонолог ва фтизопулманологи варзида ниёз дошт. Бо пешниҳоди раиси ҷумҳур ва кӯмаки ҳукумат дар ин бемористон бинои нави пулмонология сохтанд ва онро 6 декабри соли 2011 Пешвои миллат, президент Эмомалӣ Раҳмон боз кард ва раҳбарии ин бахши нави бемористонро дар маросими ифтитоҳ ба доктори илмҳои тиб, профессор Абдурасул Сангинов супурд. Баъд аз боз шудани бинои нави пулмонология ба вай ва ҳамкоронаш муяссар шуд, бо пизишкони Аврупо ҳамкорӣ барқарор намоянд ва аз он ҷо бо кӯмаки Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба бахши нави шифохона дастгоҳҳои дақиқ ва замонавии муоинаву муолиҷа оранд. Ҷарроҳони Шветсарияро ба Тоҷикистон даъват карданд.

Онҳо муддате дар Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳиҳои қафаси сина, ки бештар ҳамчун шифохонаи Мачитон машҳур аст, кор бо ин дастгоҳҳоро ба табибони тоҷик омӯзонданд ва ба қавле фотеҳаи умед доданд, ки акнун табибони тоҷик низ зери назари профессори ҷавон Сангинов ҷарроҳӣ ва табобатҳоеро анҷом дода метавонанд, ки дар Аврупо табибони номдор ба он даст мезананд.

Профессор Сангинов хуб медонист, ки акнун набояд чунин беморонро барои ҷарроҳӣ ба кишварҳои хориҷӣ фиристанд, чун пештар аз ин ҳам чанд бемори вазнинро ба по хезонда, ба онҳо умеди зиндагии дубора бахшидааст. Вай мегӯяд, якуним сол пеш бемореро бо номи Мастона Қурбоноваи 40-сола бо илтиҳоб ва варами шуш ба бемористон оварданд. Бемор бо душворӣ нафас мекашид. Варам ва илтиҳоб ба узвҳои дигари бемор фишор меовард. Сангинов баъд аз муъоинаи вазъи саломатии бемор ва омӯзиши ҳолати ҷисмонии вай ба хулосае расид, ки ба ҷуз аз ҷарроҳӣ роҳи дигари беҳбуди саломатии бемор вуҷуд надорад. Вале ин ҷарроҳӣ хеле вазнин ва пурмасъулият буд. То ин вақт чунин ҷарроҳиҳоро одатан дар Руссия ё кишварҳои дигари хориҷӣ анҷом медоданд. Вай ба андеша фурӯ рафт: “Дили бемор на дар тарафи чап, балки баръакс дар тарафи рост ҷой гирифтааст. Оё чунин ҳолат дар вақти ҷарроҳӣ ба кори узвҳои дигар халал намерасонад ва беморро аз ин ҷарроҳӣ солим берун овардан мумкин аст?” Ҳамин фикр тақрибан си сол пизишкони дигарро низ баъд аз муоина аз ҷарроҳӣ бозмедошт. Сангинов роҳи паймудаашро пеши назар овард.

Вай дар Санкт-Петербург зери назари табибони номдори сатҳи ҷаҳонӣ И. Мосин, П. Яблонский Ю. А. Левашов ва А. Акопов дар бемористонҳои бузурги он шаҳр барои таҷрибаандӯзӣ ва омодагӣ ба ҳимояи рисолаи докторӣ корҳои амалӣ мекард ва ҷарроҳиҳои мушкилро худаш низ анҷом медод. Албатта, Сангинов таҷрибаи кофӣ дошт ва ҳоло дар ин шифохона аз шогирдонаш низ дилпур буд, ки ёрии лозимаро дар вақти зарурӣ ба вай расонда метавонанд. Наздикони Мастона ба натиҷаҳои хубу қонеъкунанда умеди зиёд надоштанд. Ҷарроҳӣ 6 соат давом кард.

Ҷараёни ҷарроҳиро ба навор гирифтанд, то ба хешовандонаш нишон диҳанд. Ин ҷарроҳӣ баҳори соли 2019 анҷом гирифта буд. Он вақт Абдурасул Сангинов гуфта буд, ки баъд аз як соли дигар бояд ҷарроҳии дуввум анҷом бигирад. То он вақт захмҳои теғ шифо меёбад ва тани бемор тавони бештаре ҷамъ мекунад, то ба ҷарроҳии дуввум тобовар шавад. Ҷарроҳии дуввуми Мастона мисли ҷарроҳии аввал хуб гузашт ва як навъ идомаи ҷарроҳии аввал буд. Акнун баъд аз анҷоми муваффақиятомези ҷарроҳии дуввум худи Сангинов ва ҳамкоронаш аз натиҷаҳои он қаноатманданд. Маъмулан ҳангоми анҷом додани ҷарроҳиҳои нодир Сангинов аз шогирдон ё ёваронаш хоҳиш мекунад, ки лаҳзаҳои ҳассоси ҷарроҳиҳоро ба навор гиранд. Ин наворҳоро баъд аз ҷарроҳӣ ба наздикони бемор нишон медиҳанд, то онҳо низ ҷараёни ҷарроҳиро бубинанд. Ҳадафи дигар дар дарсҳо низ ба донишҷӯён нишон додани чунин наворҳо беҳтарин таҷрибаи айёнӣ аст. Сангинов дар бойгонии худ наворҳои зиёде аз ҷараёни чунин ҷарроҳиҳоро ҷамъоварӣ кардааст ва онҳоро дар дарсҳо вобаста ба мавзӯъ чун кори таҷрибавӣ бо донишҷӯён таҳлил мекунанд. Гоҳо донишҷӯёнро барои таҷрибаомӯзӣ ба чунин ҷарроҳиҳо даъват менамояд. Бо бисёре аз мизоҷони худ баъд аз рухсат шудан аз бемористон робитаро нигоҳ медорад, ба ҷараёни табобати минбаъдаи онҳо ва вазъи саломатии онҳо назорат мекунад. Доктор Сангинов мегӯяд, то ҳол вай аз натиҷаи ягон амалиёт навмед нашудааст ва таҷрибаи андӯхтааш аз устодон дар Тоҷикистону Санкт- Петербург ҳамеша ба кор омадааст. Вай дар Санкт- Птербург аз соли 2000 то соли 2011 дар бемористонҳои бузурги ин соҳа таҷриба андӯхтааст, таҳқиқ кардааст. Як ҷо бо устодонаш ва худаш мустақил чарроҳиҳои ҳассосро анҷом додааст, то худро ба ҳимояи рисолаи докторӣ омода кунад. Санкт-Петербург аз лиҳози тарбияи кадрҳои илмӣ тақрибан дар баробари шаҳрҳои Оксфорду Кембриҷи Британия ва Ҳомбургу Массчусетси Амрико ва Шонгҳойи Чин аз гузаштаҳо яке аз марказҳои илмии ҷаҳон ва яке аз марказҳои тарбияи донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ дониста мешавад ва дар ҳимояи рисолаҳову унвонҳои илмӣ саҳлангорӣ намекунад. Дар ҷараёни омӯзиш ва омодагӣ ба ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар Санкт-Петербург натиҷаҳои таҳқиқоти Абдурасул Сангинов дар кафедра ва шифохонаи ҷарроҳии № 1, Донишгоҳи давлатии тиббии Санкт Петербург ба номи академик И. П. Павлов ва дар шӯъбаи ҷарроҳии роҳҳои нафас дар Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти илмии пулмонологияи № З барои муолиҷаи беморон ба кор гирифта шуд ва ба барномаҳои таълимии донишҷӯён даромад. Маводи ин таҳқиқот ва натиҷаҳои корҳои амалии он дар шакли гузориш ё маърӯза ба Конфронси илмӣ-амалии Анҷумани ҷарроҳон дар Санкт Петербург ва дар Конгресси 12-ӯми аврупоӣ роҷеъ ба роҳҳои нафаскашӣ дар Стокҳолм, дар 14-ӯмин ва 16-ӯмин конгресcҳои миллӣ роҷеъ ба бемориҳои роҳҳои нафас дар Маскав ва Санкт-Петербург, дар нишасти табибони узви Анҷумани ҷарроҳони ба номи Пирагов ва амсоли он дар миёнаи солҳои 2002 – 2009 пешкаш шудааст.

Абдурасул Сангинов дар хонаводаи Академик Бобо Сангинов ба дунё омада, ба камол расидааст. Падараш дар ихтироъи навъҳои нави пахтаи маҳиннах на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари Шӯравии собиқ шӯҳрат дошт ва солҳои ахири зиндагӣ Раиси Фарҳангистони улуми кишоварзии Тоҷикистон буд. Абдурасул аз ҷавонӣ дар намунаи падараш бо шабзиндадориҳои олимон ва таҳқиқу баррасиҳои илмӣ ошно буд.

Вай илмро пеша кард.То расидан ба мартабаи доктори илмҳои тиб, профессор ва чанд сол мудири кафедраи силшиносии Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино аз Санкт Петербург то Тоҷикистон таҷрибаи кофӣ андӯхт ва акнун пизишки муъолиҷ дар шифохонаи Мачитон аст. То оғози пандемияи COVID-19 беморони қафаси синаро, ки ба ҷарроҳӣ ниёз доштанд, аз Узбакистону Қазоқистон ва ҳатто аз Руссия ба Тоҷикистон ба табобати Сангинов меоварданд. Соли 2007 Сангинов барои ҷорӣ кардани навовариҳо ва саҳмаш дар пешрафти ин соҳаи тибби Тоҷикистон, барои талошҳову фаъолияташ дар бахши нави шифохона дар қатори донишмандони мумтозу соҳибтаҷриба ва ихтироъкорони ҷумҳурӣ аз ҷониби Пешвои миллат,Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи давлатии Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ шуд. Бо вуҷуди расидан ба зинаҳои баланди касбӣ Сангинов ҳанӯз хонаи шахсии худро надорад. Дар бинои 9 ошёнаи бетонии даврони Шӯравӣ дар хонаи меросии падар дар яке аз маҳаллоти Душанбе зиндагӣ мекунад. Мошин ҳам надорад, на мошини хусусӣ ва на мошини хидматӣ.

Бомдод ҳар рӯз дар ҳавои борониву барфӣ ё дар гармои тоқатфарсои тобистон аз Душанбе ба сӯи дармонгоҳи Мачитон дар доманаи кӯҳ ба назди беморон роҳ пеш мегирад. Дар рӯзҳои муайян шогирдонашро барои ширкат дар дарсҳои амалӣ бо автобус аз донишгоҳ ба шифохона меоранд ё худаш дубора ба Душанбе ба донишгоҳ ба назди донишҷӯён мешитобад. Вай мегӯяд, гоҳо дӯстонаш аз вай мепурсанд, ки чаро дар Санкт Петербург дар бемористонҳои номдоре, ки кор мекард, фаъолияташро идома надод, чун унвони доктори илми тибро ҳам дорад ва метавонист дастмузди хуб ҳам бигирад.

Гузашта аз ин, фтизопулмонолог касби нодир аст. Ба вай ин пешниҳодро дар Санкт-Петербург карда буданд. Вале доктор Сангинов ба ин пурсишҳо фақат як ҷавоб дорад: “Ман аз аввал ният карда будам, ки баъд аз ҳимояи рисолаҳои илмии худ дар назди донишмандон-устодони шинохтаи Русия ва андӯхтани таҷрибаи ғании муолиҷа дар марказҳои илмии Санкт-Путербург дар ҳар ҳолат ба Ватанам – Тоҷикистон бармегардам ва корамро дар ин ҷо идома медиҳам, дар ин ҷо ҳам ба кӯмаки мо ниёз доранд”.

Нурмуҳаммад Холов, рӯзноманигор

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Anonymous 16.02.2021 18:51

    Академик Бобо Сангинов аз дурахшонтарин ситорахои илми ватани ва чахони дар сохаи пахтакори буданд. Халки шарифи точик аз ин фарзанди накуномаш ба неки ёд мекунад. Хаббазо, ки фарзандашон Абдурасул вориси арзандаи падар ва чун эшон фидоии рохи илм ва хизмат ба миллати хеш шуданд. Яке ихтироъкор буду дигаре шифокор шуда. Падару писар бо вучуди бузурги ба хамон андоза шикастанафсанд, ки кадри эшон дучанд созад. Муваффак бошед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.