Кӯмаки иловагии Амрико ба Тоҷикистон дар мубориза бо коронавирус

Ҳукумати Амрико ба Тоҷикистон иловатан 1,69 миллион доллар  дар мубориза бо COVID-19 кумак ҷудо кард. Ин ёрӣ тавассути Маркази ИМА оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо расонида мешавад.  

Тавре аз Сафорати Амрико дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, бар иловаи 1 миллион доллар кӯмаки иловагии Оҷонсии USAID Central Asia ба Тоҷикистон барои мубориза бо ин бӯҳрон, дар маҷмӯъ ҳукумати ИМА тайи 20 соли охир барои бахши тандурустии Тоҷикистон 125 миллион доллар ҳамчун кӯмак ихтисос додааст.

Ба василаи кӯмаки навбатӣ ба Тоҷикистон, барои кормандони содиқи соҳаи тиб тавассути дастрасӣ ба таҷҳизоти муосири озмоишгоҳӣ, омӯзиш ва баланд бардоштани зарфиятҳои ташхисӣ барои мубориза бо COVID-19 шароити мусоид фароҳам хоҳад шуд.

“Иёлоти Муттаҳида дар ин ҳолати бӯҳронӣ паҳлуи Тоҷикистон аст ва дар якҷоягӣ он ҳатман пушти сар хоҳад шуд”- мегӯянд дар Сафорат.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *