Коршиносони ТУТ: Вазъ дар Тоҷикистон нигаронкунанда аст

Коршиносони  Ташкилоти  Умумиҷаҳонии Тандурустӣ суръати густариши бемории коронавирусро дар Тоҷикистон нигаронкунанда арзёбӣ карданд.

Патрик О.Коннор, роҳбари ҳайат рӯзи 12-уми май ҳангоми нишасти хабарӣ, ки онлайн идома дорад, гуфт: “Тоҷикистон ба марҳилаи густариши вирус дар байни мардум ворид шудааст. Теъдоди мавридҳои собитшуда тамоюли зиёдшавӣ нишон медиҳад, вазъ нигаронкунанда мемонад ва бояд чораҳои зарурӣ андешида шавад.”

Дар ин нишасти онлайн дар баробари ҳайати СУС, инчунин, намояндагон аз Вазорати тандурустӣ ва муовини якуми ин ниҳод Саида Умарзода  иштирок доранд.

Ҳайати коршиносони ТУТ наздики 10 рӯз мешавад, ки дар Душанбе қарор доранд ва вазъи кунунии сирояти бемории COVID 19- ро дар кишвар таҳлил менамоянд.

Тибқи омори дирӯза, гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 661 нафар расидааст.  Ба ҳолати соати 17:30-и 11 май дар Тоҷикистон 49 ҳолати нави сироятёбӣ аз навъи нави коронавирус COVID-19 ба қайд гирифта шуда, шумораи онҳо ба 661 нафар расид. Дар ин бора  маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин теъдоди ҳолатҳои фавти беморони мубтало ба ин вирус 1 нафар зиёд шуда, 21 касро ташкил медиҳад. Қаблан шумораи сироятёфтагон 612 нафар ва фавтидагон 20 кас буд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати навъи нави коронавируси CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *