Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мақсудзода аввалин гирифторони коронавирус дар Суғдро гуфт

Фаррух Мақсудзода, сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд зимни нишасти матбуотии ниҳоди тобеъаш дар мавриди аввалин гирифторони короновирус дар вилояти Суғд иттилоъ дод.

Ба гуфти номбурда, короновирус ба вилояти Суғд моҳи апрел ворид шуд ва даҳ нафари аввалине, ки бо нишонаҳои ин беморӣ ба карантин фаро гирифта шуданд, сокинони ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд буданд.

“Аз ин теъдод шаш нафарашон сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов буданд”,-гуфт номбурда.
Ба таъкиди Мақсудзода, бо вуҷуди манбаи расмӣ дар даст нест, вале метавон гуфт, ки ин даҳ нафар, ки бори аввал бо нишонаҳои бемории ҳамагир карантин шуданд, аввалин гирифторони КОВИД-19 дар Тоҷикистон буданд.

Моҳи апрели соли гузашта вақте бемористони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба карантин гирифта шуд, мақомоти кишвар пайдо шудани вирусро дар Тоҷикистон рад мекарданд.

Ҳамон вақт расонаҳо навишта буданд, ки аввалин гирифтори короновирус дар кишвар оилаи Шодиевҳо ҳастанд.

Фаррух Мақсудзода ин хабарро дар нишасти матбуотӣ рад накард, вале онро шарҳ надод.

Фаррух Мақсудзода хабар дод, ки соли 2020 дар вилоят 19 000 нафар ба илтиҳоби шуш гирифтор шудаанд, ки назар ба соли 2019 6 ҳазор нафар зиёданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.