Маҷмааи тандурустиии «Истиқлол». Аз шароит то имтиёз дар суҳбат бо Хуршед Рустамзода

Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи тандурустии кишвар тайи солҳои охир таҳаввулоти бузурге ба миён омадаанд. Мавриди истифода қарор гирифтани теъдоди зиёди муассисаҳои табобатӣ дар ҷумҳурӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббии сатҳи ҷаҳонӣ далели ин пешравиҳоянд. Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” соли шашум аст, ки фаъолият дошта, на танҳо ба сокинони кишвар, балки ба беморон аз ҳамсоякишварҳо низ хизмати тиббӣ мерасонад. Дар мусоҳиба бо Хуршед Рустамзода, номзади илмҳои тиб, директори Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” доир ба дастовардҳои ин маҷмааи муҳташами тандурустӣ дар шаҳри Душанбе, шароити табобат ва имтиёз ба беморон ошно мегардед.

— Муҳтарам Хуршед Рустамзода, дар ибтидо ба хонандагон доир ба таърихи бунёди Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” маълумот диҳед. Он кай таъсис ёфт ва имрӯз чӣ шароит ва имтиёзҳо дорад?

— Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 марти соли 2016 дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқол» дар масоҳати умумии 105 ҳазор метри мураббаъ мавриди истифода қарор гирифт.

Муассисаи мазкур бо назардошти шароиту имкониятҳо ва талаботи замон бунёд гардидааст. Он асосан  аз қисмҳои таваллудхона, бемориҳои соматикии кӯдакона, бистаринамоии калонсолон, ҷарроҳии кӯдакона, қисми ташхисгоҳи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту озмоишгоҳҳои муосир, шуъбаи наҷот ва муолиҷаи оҷил барои калонсолон, кӯдакону модарон, ҷарроҳии асаб, ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, толори гиёҳдармонӣ, маркази иттилоотӣ, китобхонаи электронии бо шабакаи интернет пайваст, маркази ёрии таъҷилӣ ва варзишгоҳ иборат мебошад. Умуман, дар маҷмаа 650 кати табобатӣ,  аз  ҷумла 150 кат барои калонсолон, 182 кати ҷарроҳии кӯдакона, 213 кати соматикии кӯдакона, 100 кати таваллудхона барои хизматрасонии тиббӣ роҳандозӣ гардидааст.  Ҷоизи таъкиди махсус аст, ки 75 фисади иқтидори хизматрасонии тиббии маҷмаа ба солимии модару кӯдак равона карда шудааст.

— Иқтидори маҷмаа оид ба таъмини  ҷойи кори мутахассисон чӣ гуна аст?

-Ба ҳолати имрӯза  дар маҷмаа 2800 нафар корманд, аз он ҷумла 580 нафар табиб, 1080  ҳамшираи тиббӣ, 706 нафар корманди хурди тиб ва 436 нафар корманди маъмурӣ бо фаъолияти пурсамар машғуланд.  Аз ҷумла, 33 нафар табиб номзади илми тиб ва 4 нафар доктори илм мебошанд.

-Тавре ки огаҳӣ пайдо кардем, дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ба ғайр аз бистаринамоӣ ва табобати беморон, инчунин, муоина ва ташхиси сокинони кишвар гузаронда мешавад. Мушаххасан  мегуфтед, ки имрӯз кадом намуди ташхисҳо дар маҷмаа сурат мегиранд?

— Бале,  дар қисми ташхисгоҳи маҷмаа, ки он аз 7 ошёна  иборат аст, қабул, ташхис ва табобати беморону шаҳрвандон тибқи талаботи муосир  ба роҳ монда шудаанд. 

Дар ошёнаи якуми қисми ташхисгоҳи маҷмаа дастгоҳҳои нодиртарини ташхисию табобатӣ – ангиограф, дастгоҳи рентгении рақамӣ, дансиометрӣ, томографи компютерӣ ва магнитию резонансӣ насб гардидаанд. Афзалияти дастгоҳҳои муосир дар он аст, ки онҳо мушкилоти кори табибонро осон гардонида, якҷоя бо сарфаи вақт якчанд амалиёти ташхисиву табобатиро анҷом медиҳанд.

Озмоишгоҳи клиникӣ  бо таҷҳизоти муосири ширкатҳои бонуфузи олмонӣ ҷиҳозонида шудааст, ки тавассути онҳо дар як вақт 96 амалиёти ташхисӣ анҷом дода мешавад. Ҳамзамон, дар қисми ташхисгоҳ шуъбаи даруннигарӣ фаъолият менамояд, ки он бо таҷҳизоти муосири ширкати бонуфузи Олмон «Карл-шторс», аз ҷумла системаҳои видеогастроскоп, колоноскоп, бронхоскоп, дуоденоскоп ҷиҳозонида шудааст. Шуъба на танҳо таҳқиқотҳои ташхисӣ, балки амалиётҳои табобатиро низ мегузаронад.

Бояд қайд намуд, ки таҷҳизоти муосири ташхисиву табобатӣ  истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла, ширкатҳои бонуфузи Русия, Чин,  Олмон, Амрико, Ҷопон, Финландия ва Чехия мебошанд. Ҳар як шуъбаи табобатӣ бо рентгенҳои сайёри мобилӣ, рентгени рақамӣ ва таҷҳизоти махсус барои нигоҳубин ва парастории кӯдакони навзод ва камвазн ҷиҳозонида шудааст. Дар ҳуҷраи шикастабандӣ ва ҷарроҳии таъҷилӣ рентгени мобилии электронӣ-оптикии ҳосилкунанда насб карда шудааст, ки он зимни ҷарроҳӣ акс гирифта, онро ба экран мебарорад. Таҷҳизоти мазкур барои дақиқ гузоштани имплантант аҳамияти калони амалӣ дорад.

-Бемории коронавирус мисли вабо дар ҷаҳон паҳн шуд ва ҳоло ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он азият мекашанд. Тоҷикистон ҳам аз он истисно нест. Дар маҷмааи шумо   озмоишгоҳи вирусологӣ ҳаст?

-Албатта, бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ ва хифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси COVID-2019, дар маҷмаа озмоишгоҳи вирусологӣ бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шуд. Озмоишгоҳ бо мутахассисон-вирусологҳо, ки курсҳои такмили ихтисосро дар дохили ҷумҳурӣ гузаштаанд, таъмин мебошад. 

— Аз нигоҳи шумо, нақши маҷмаа дар пешгирӣ ба табобати беморони гирифтори коронавирус  аз аввали давраи падемия чӣ гуна буд?

— Дар давраи пандемия дар қисмҳои табобатии маҷмаа 1686 нафар бемор бо ташхиси бемории илтиҳоби шуш ба табобат фаро гирифта шуданд. Шаҳрвандоне, ки дар маҷмаа бо ташхиси илтиҳоби шуш бистарӣ гардиданд, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ба таври ройгон ба хизматрасонии тиббӣ фаро гирифта шуданд.

Дар соли 2020-ум аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷмаа маводҳои доруворӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ, хӯрокворӣ, либосҳои муҳофизаткунанда ва ғайра дар ҳаҷми 773 ҳазору 990 сомонӣ ва 2 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ ва аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе  дар  ҳаҷми 1 миллиону 247 ҳазору 968 сомонӣ маблағи доруворӣ ҷудо гардид. 

 Ҳамзамон, ҷиҳати таъмин бо нақлиёт, таҷҳизот ва дастгоҳҳои тиббӣ дар соли 2021 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе  дастгоҳҳои сунъии нафаскашӣ, оксигенератор, мониторҳо, дастгоҳи сенсории пошдиҳанда барои безараргардонии дастон, 5 адад нақлиёти муосири ёрии таъҷилии тиббӣ бо маҷмӯи таҷҳизоти зарурӣ, дар маҷмӯъ, бо маблағи 2 миллиону 225 ҳазору 397 сомонӣ ворид гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки дар давраи буҳрони пандемияи СOVID – 19 дар соли 2020-ум аз ҷониби эҳсонкорон ба маблағи 1 миллиону 870 ҳазору 916 сомонӣ ва аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ба маблағи  510 ҳазору  424 сомонӣ маводи дорувории зиддивирусӣ, маҳлулҳои  безараргардонӣ, хӯрокворӣ, либосҳои муҳофизаткунанда  ворид гардид. Дар баробари ин, дар ҳамин давра аз ҷониби эҳсонкорон   ба маблағи 941 ҳазору 785 сомонӣ ва ташкилотҳои байналмиллалӣ  ба маблағи  747 ҳазору 968 сомонӣ маводи доруворӣ ва 1 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ ворид гардиданд.

Дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи пандемия то ба эътидол омадани вазъ аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба музди меҳнати вазифавии кормандони маҷмаа: табибон, ҳамшираҳои тиббӣ ва кормандони қисми маъмурӣ, ки бевосита ба ташхис ва табобати беморони сирояти СOVID-19 сарукор доштанд, иловапулӣ пешбинӣ ва пардохт гардид.

-Маҷмааи тандурустии  “Истиқлол” монанд ба як шаҳраки тиббӣ аст. Яъне, дар масоҳати васеъ ва хеле муҳташам бунёд гардидааст. Ин ҷо кадом намуди табобат ва амалиёти ҷарроҳӣ мегузарад? Зимнан, дастгоҳҳои  ташхисию табобатӣ аз кадом давлат ворид шудаанд ва онҳо аз дигар муассисаҳои тандурустӣ чӣ бартарӣ доранд? 

-Қариб тамоми намуди табобат ва ҷарроҳиҳоро мегузаронем. Умуман, “Истиқлол”- маркази тиббии бисёрсоҳа маҳсуб ёфта,  фаъолияти он ба расондани кӯмакҳои машваратию ташхисӣ ба аҳолӣ равона карда шудааст. Дар ташхисгоҳ зиёда аз 1000 усули гуногуни табобатию ташхисӣ, ки наздики 300 адади онҳо дар минтақа беназир мебошанд, гузаронида мешаванд.

Тавре қайд кардем, дар ташхисгоҳ таҷҳизоти муосири пешқадам ва дастгоҳҳои камназир   «Ангиограф» мавҷуд мебошад, ки на фақат дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои ҳамсоя  дастгоҳи нодир ба шумор меравад. Албатта, ин  яке аз дастовардҳои даврони истиклолият мебошад. Бояд гуфт, ки тавассути ин дастгоҳ ҳам ташхис ва ҳам муолиҷаи рагҳои хунггарди дил ба роҳ монда шудааст. Бемориҳои дилро бе буридани қафаси сина, бо пайваст кардани дастгоҳи хунгардиши сунъӣ метавон ҷарроҳӣ намуд. Ҷарроҳии бемор тақрибан 40 дақиқа идома ёфта, муддати бистарии бемор ҳамагӣ як шабонарӯзро ташкил мекунад. Дар шуъбаи мазкур беморон имкон доранд, ки аз ташхиси томографияи магнитӣ-резонансӣ, томографияи компютерӣ, рентгени рақамӣ ва акси мамографӣ гузаранд. Таҷҳизоти мазкур ҳамагуна нуқсу бемориҳоро дар давраи бармаҳал  ошкор менамояд.

Дар ҷарроҳихонаи махсусгардонидашуда барои амалиёти ҷарроҳиҳои осебӣ ва раддодӣ тамоми таҷҳизоти навтарини тибби муосир ҷамъ оварда шудааст. Дастгоҳи дигаре, ки ба стандарти  ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст, таҷҳизоти ташхисию табобатии истеҳсоли ширкати бонуфузи олмонӣ «Карл-шторс» мебошад. Бо ин дастгоҳ ташхиси амиқи бемориҳои батн, қафаси сина, инчунин, буғумҳои зону гузаронида мешавад. Бояд қайд намуд, ки ҷарроҳӣ дар буғумҳо бидуни буридан анҷом ёфта, бемор дар муддати кӯтоҳ аз беморхона ҷавоб мешавад.  То имрӯз ба  103 нафар бемор амалиёти ивазкунии сунъии буғуми косу рон бомуваффақият гузаронида шуд. Ба беморони шикасти соқ ва рон бошад, амалиёти ҷарроҳии каминвазивии (интромедуляри) гузаронида мешавад, ки онҳо пас аз рӯзи сеюми ҷарроҳӣ фаъол мегарданд. Имрӯз теъдоди беморони дар натиҷаи амалиёти мазкур шифоёфта ба 54-нафар мерасад. Инчунин, ба 22 нафар беморони пиронсол бо шикасти гарданаки рон амалиёти ҷарроҳии (эндопротези) бо иваз кардани буғуми косу рон гузаронда шуд.

Тавассути таҷҳизоти муосири навъи артроскоп ба 95 нафар бемор амалиёти ҷарроҳии резексияи менискҳо ва барқароркунии пайи салибшакли пеш гузаронида шуд. Барқароркунии пайи пеши салибшакл бо бофтаҳои мавқеӣ айни замон дар дигар беморхонаҳои шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо  гузаронда намешавад. 

Дар маҷмаа як қатор амалиётҳои ҷарроҳӣ дар амал ҷорӣ карда шудааст. Аз ҷумла ба роҳ мондани амалиётҳои мураккаб – стентгузории рагҳои хунгарди дил, аортаи садрӣ ва шарёни брахиосефалӣ дар дастгоҳи ангиограф, стентгузорӣ дар ҳолати алоими шадиди коронарӣ, якбора гузоштани 5 стент дар дил бо натиҷаи хуб, стентгузории коартатсияи аорта, баратарфкунии нуқсонҳои модарзодии дил дар кӯдакон дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони Аморати Муттаҳидаи Араб ба роҳ монда шудааст. Дар соли 2020 ба 702 нафар ангиография, 399 нафар – коронаграфия, 223 нафар амалиёти стентмонӣ ба анҷом расонда шуд.

Дар баробари ин, ҳамасола аз ҷониби Мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе  дар самти табобати кӯдакони мубталои нуқсони модарзодии дил маблағ ҷудо мегардад. Ҷоизи зикр аст, ки дар 6 моҳи соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои ҷудогардидаи Мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе ба 59 нафар кӯдакони мубталои нуқсони модарзодии дил ба таври ройгон ҷарроҳиҳои рентгеноэндоваскулярӣ гузаронида шуд.

-Оё амалиёти ҷарроҳие ҳаст, ки бори аввал дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” гузаштааст?

-Бале, бори нахуст якчанд намуди амалиётҳои ҷарроҳӣ дар амалия ҷорӣ карда шуданд. Аз ҷумла ба таври ҷарроҳӣ табобат намудани беморони гирифтори фалаҷи геморрагӣ, татбиқи усули амалиёти мустаҳкамнамоии транспедикулярии сутунмӯҳра,  амалиёти бидуни буриш гирифтани аденомаи гипофиз, амалиёти эндоскопии  чурраи байнимуҳравӣ, бо дастгоҳи ангиограф, амалиёти бартараф намудани нуқсонҳои модарзодии дил дар кӯдакон, анҷом додани ҷарроҳиҳои кушодаи дил дар кӯдакон ва калонсолон аз ҷумлаи онҳо  мебошанд.

Ҳамзамон, ҷоизи қаноатмандист, ки бори аввал дар маҷмаа аз ҷониби ҷарроҳони кӯдакона вобаста ба нуқси модарзодии сурхрӯдаи басташуда (атрезия) амалиёти муваффақ ба анҷом расонда шуд. Қаблан кӯдакони бо чунин нуқси модарзодӣ таваллудёфта имкони маҳдуди зиндамониро доштанд, зеро анҷом додани чунин амалиёт бениҳоят нозуку мураккаб аст. Инак, аввалин маротиба ба 2 кӯдак чунин амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд ва хушбахтона, онҳо айни замон саломат ҳастанд. 

-Фаъолияти Маркази ёрии таъҷилии тиббии маҷмаа дар кадом сатҳ аст?

-Дар пойгоҳи маҷмаа зеристгоҳи ёрии таъҷилии тиббӣ бо иқтидори 22 нақлиёти соҳавӣ, аз ҷумла 3 бригадаи ёрии наҷотбахшӣ, як адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ барои интиқоли кӯдакони навзод фаъолият менамояд, ки ба сокинони  пойтахт кӯмаки таъҷилии тиббӣ мерасонад ва ҳангоми зарурат беморонро дар беморхонаҳои шаҳр  бистарӣ менамояд. Бояд қайд намоям, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъмини сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ барои  таъмири автомошинаҳо сари вақт ва бемамоният сурат мегирад.  Роҳбарияти маҷмаа  миннатдории худро ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иброз медорад.

—  Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”-ро маркази илмиву таълимӣ низ ном мебаранд. Дар ин самт чӣ дастовард доред?

— Дар маҷмаа бахши илм фаъолияти пурсамар дорад, он докторон, профессорон, номзадҳои илм, аспирантон ва унвонҷӯёнро фарогир мебошад.  Натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии он дар саҳифаҳои маҷаллаи илмӣ-амалии маҷмаа таҳти унвони “Паёми Истиқлол” ҳар семоҳа як маротиба бо се забон ба нашр мерасанд. Дар маҷмаа инчунин Маркази такмили ихтисоси табибон ва ҳамшираҳои тиббӣ  фаъолият дорад.

Маҷмаа дар баробари муассисаи табобатӣ, бузургтарин маркази илмиву таълимӣ маҳсуб ёфта, дар он  зиёда аз 15 кафедраи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон, Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон ва Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ фаъолият мекунанд. Донишҷӯён ва устодони соҳаи тиб метавонанд аз он ҳамчун пойгоҳи беҳтарини таълимӣ, илмӣ ва таҷрибаомӯзии амалӣ пурсамар истифода баранд.

— Ҷое, ки кор ҳаст, камбудӣ низ ҳаст. Баъзан беморону корафотодагон аз муносибат бо табибон шиква мекунанд. Ба шумо ҳам арзи мардум мерасад?

-Албатта, дар ҳама кор камбудиҳо ҷой дорад, аммо мо кӯшиш мекунем, ки онҳоро сари вақт бартараф созем. Гоҳе мешавад, ки нофаҳмӣ аз ҷониби худи миҷозон сар мезанад.  Яъне, дар вақти навбат истодани ниёзмандон  мо бояд афзалиятро ба беморони вазнин диҳем, аммо вақте ки онҳо ба утоқи муоина ворид мешаванд, корафтодагони дигар норозигӣ баён мекунанд. Набояд фаромӯш кард, ки беморони вазнин, маъбон ва пиронсолон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат ва шахсони ба онҳо баробарро мо бояд бидуни навбат қабул намоем. Дар мавриди муомилаи табибон бо корафтодагон бошад, агар ягон шикоят шавад, мо зуд пайгирӣ намуда, ба дархосту арзу шикоятҳои беморон эътибори ҷиддӣ медиҳем. Умуман, хизматрасонии босифат мақсади асосии мост.

-Мо дар арафаи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем. Истиқбол аз ин ҷашни бошукуҳ дар маҷмаа чӣ гуна аст?

  Боиси таассуф аст, ки солҳои охир тавлиди кӯдакон бо нуқсонҳои модарзодии дил ва нишондоди мубталошавӣ ба бемориҳои пайдошудаи дил ба мушоҳида мерасад. Табиист, ки аксари онҳо ба гузаронидани амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ дар дил эҳтиёҷ доранд. Нақша дорем, ки бо ҷалби шарикони хориҷӣ ва ватанӣ корҳои муайянеро дар самти кам кардани хароҷоти марбут ба амалҳои ҷарроҳии кӯдаконро анҷом диҳем.

Маҷмаа Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи ин ҷашни фархундаро дорад. Дар раванди татбиқи он гузаронидани мизи мудаввар бо собиқадорони ҳимояи сохти конститутсионӣ, баргузории озмуни “Ҳамшираи калони беҳтарин” ва дигар чорабиниҳо дар мадди назар ҳастанд.

Ҳаминро  қайд менамоям, ки ҳар яки  вазифадорем, ки бо амалисозии иқдому ташабусҳои неку созанда ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои истиқлолият, тақвияти иқтидори иқтисодии давлат, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободии Ватани азизамон бо роҳи ҳарчи зудтар  расидан ба ҳадафҳои стратегияи миллиамон қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии худро дар назди халқ ва давлати Тоҷикистон содиқонаву софдилона иҷро намоем.

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *