Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Марҳилаи нав: донишҷӯён, рӯзноманигорон, блогерон ваксина мегиранд

Насиба Тоирова, як масъул аз вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар додааст, ки дар марҳилаи нави эмкунӣ зидди коронавирус донишҷӯён, рӯзноманигорон, блогерон, нависандагон ва кормандони ширкатҳои радиову телевизион ваксина мегиранд.

Гуфта мешавад, ки дар Ӯзбекистон рӯзи 31-уми май марҳилаи нави ваксиназанӣ шуруъ шуд. Ин навбат донишҷӯёне, ки ба хориҷ барои таҳсил мераванд, рӯзноманигорону блогерон ва ҳамчунин нависандагони ин кишвар эм карда мешаванд.

Марҳилаи аввали ваксиназании зидди коронаврус дар Ӯзбекистон аз ваксинзании сокинони аз 65-сола боло, кормандони соҳаи тиб, омӯзгорон, кормандони муассисаҳои томактабӣ ва афроди дорои бемориҳои музмин шуруъ шуда буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.