Муттакои шогирдон. Дар ҳошияи Рӯзи табибон

Замонае ба вуҷуд омадааст, ки инсон будани баъзе зиёиён зери суол аст. Зиёие, ки манфиатҳои шахсии худро болотар аз тамоми дигар манфиатҳо мегузорад.

Дар ин миён чеҳраҳое, ки инсонияташон олист, зуд ба чашм бармалло мегарданд, яъне ҷомеаи Тоҷикистон ҳанӯз аз шахсиятҳои огоҳ ва зиёии воқеӣ пок нагардидааст. Шахсияти манзури назари ман Носирӣ Қаҳҳор – ин табиби росиху инсони маданӣ мебошанд. Вақте дар бораи Носирӣ Қаҳҳор андешидам, чанд ҷиҳатҳои хосаи ин шахсиятро дарёфтам.

Нахуст Носирӣ Қаҳҳор, на фақат як муаллими одии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки ба донишҷӯён дарс мегӯянд, балки як устод ё устози воқеиро мемонад, ки дасти шогирдро мегираду ба ӯ тамоми таҷриба ва илму амалро меомӯзонад. Яъне, он устодие, ки дар фарҳанги гузаштаи тоҷикон буда, ба маънои дар ҳама чиз ҳатто дар хубу бади рӯзгордорӣ дастгир будани устодро аз шогирд дар худ дорад. Устод Носирӣ Қаҳҳор тӯли чанд сол шогирдони худро аз ҳама ҷиҳат сарпаноҳӣ мекунанд ва аз ин рӯ, дар байни шогирдон муаллими хушномтарин ба ҳисоб мераванд. Дар тамоми хубу бади шогирдонашон дар канори онҳо ҳастанду муттакои асосии онҳо шинохта гардидаанд. Ҳар ҷое дар байни шогирдон сухан аз устодон мераваду вақте ба забон номи устод Носирӣ Қаҳҳор гирифта мешавад, дар чеҳраҳои ҳозирин хушҳолӣ пайдо мегардад. Ин хушҳолиҳо сидқан ба назар расида, идомаи гуфтор, ки аз дастгирии устод худ ба худ ба забонҳо меояд, аз инсони хуб будани Носирӣ Қаҳҳор гувоҳӣ медиҳанд. Худ чандин бор шоҳид гаштам, ки устод Носирӣ Қаҳҳор бо шогирдонашон чӣ гуна муносибати хуби самимона доранду ҳамеша ба манфиати онҳо меандешанд. Ҳатто густохтарин шогирдашонро, ки дар ҳаққи устод аз ҷавонӣ, яъне аз ноогоҳӣ ва ғайра баъзе номақбулиҳо кардааст, Носири Қаҳҳор бо некӣ ба ёд меораду боиззатона муносибат меварзанд. Муносибати дӯстона доштани устод Носирӣ Қаҳҳор бо шогирдонашон чунон ба назар зебо менамояд, ки завқи инсонро бедор карда, дили инсонро ба чунин рафтори писандида гарм менамояд. Ҳамин гуна, як ҷиҳати хушномии устод Носирӣ Қаҳҳор ба ҳама маъно устод будани эшон аст, яъне устоде, ки шогирд бо ифтихор “устод” садо карда, ба  ӯ дар ҳама кор пайравӣ кардан мехоҳад.  

Носирӣ Қаҳҳор аз кордонӣ ва огоҳӣ аз зарфиятҳои мудириятӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  низ ҷойгоҳи махсусро соҳиб гаштаанд. Дар аксари корҳои ташкилотии донишгоҳ ба эшон такя намудан ба хубӣ ва пешрафти кор мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, дар донишгоҳ Носирӣ Қаҳҳор ҳамчун ташкилотчии пухтакору ҳушёр ва ботаҷриба шинохта гардидаанд. Ҳатто дар вақтҳое, ки ба рухсатӣ рафтаанд, ба ҷои кор пайваста ҳозир мешаванд. Яъне, ҳамеша дар бораи кори худ фикр мекунанд,  бо меҳру муҳаббати беандоза ва як дилбастагии хоса касбашонро дӯст медоранд. Носирӣ Қаҳҳор дар шинохти ман яке аз фидоиёни касби табибӣ мебошанд.

Яке аз хислатҳои фарқкунандаи устод Носирӣ Қаҳҳор дар дипломат будани эшон аст. Носирӣ Қаҳҳор ҳамеша ва бо ҳама муносибати хуби нарм дошта, бидуни эҳтиром ба касе сухан намегӯянд. Ҳатто, дар мавридҳое, ки зердастонашон супоришеро анҷом надиҳанд ҳам, бидуни суханҳои дағал бо як фарҳанги хос ва шӯхиомез сарзаниш мекунанд, ки инсон аз чунин рафтораш худ ба шарм меояд.

Дар шинохти ман устод Носирӣ Қаҳҳор дили бузурги меҳрубон доранд, ки заррае ҳам ба касе зарар намехоҳанд. То ҳадди имкон кормандонашонро дастгирӣ мекунанд ва дар душвортарин лаҳзаҳо низ дар канори онҳо мебошанд. Аз ин ҷиҳат ҳар касе аз кормандон аз устод ёдоварӣ мекунад, номи эшонро некӯ ба забон меорад.

Бояд гуфт, ки фаъолияти табибии Носирӣ Қаҳҳор  аз ҳар ҷиҳат қобили эҳтиром аст. Дар ин касби ба истилоҳ пуршараф ва нозук устод Носирӣ Қаҳҳор кӯшиш мекунанд, то аз доираи инсоният берун набаромада, ба ҳар шева ба хубиҳое даст бизананд. Дар мавридҳояш ҳатто ба баъзе беморони муҳтоҷ кумакҳои моддӣ низ менамоянд. Боре дар донишгоҳ як пирамарде устод Носирӣ Қаҳҳорро ҷустуҷӯ мекарду ногаҳон аз ман утоқи кориашонро пурсид ва вақте суол кардам, ба устод чӣ кор доранд, бо як эҳтироми хоса ба сухан даромад. Аз некиҳо ва дастгириҳои устод дар вақти бемориаш бо эҳсоси баланди қадрдонӣ ёдоварӣ кард ва гуфт, ки акнун ба дидорбиниашон аз ноҳияи дурдаст омадааст.  Аз чунин тарзи амалкарди он пирамард бармеояд, ки устод аз рӯи инсонияташон, ки хайрхоҳи халқ будан аст, дар фаъолияти табибӣ номи некӯ доранд.

Ҳамчунин ёдовар шудан мехоҳам,  ки аз ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон дар ҳар мавсим  беморони зиёде  барои табобат ба назди устод меояду баъди табобат хурсандона бармегарданд. Устод ҳар як беморро бо дили пур аз сидқ табобат карда, ӯро аз ранҷу дард наҷот медиҳанд. 

Албатта, гуфтаҳо ва ҳарфу нукоти зиёде дар бораи самту шахсияти эшон дорам, вале ба ифтихори ҷашни табибон бо ҳамин чанд нукта иктифо мекунам ва орзу дорам, ки роҳравони кору пайкорашон зиёд бошанд.

Шаҳриёр Баҳманӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *