Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Пневмания ё тромбоз? Таҳқиқи ҷадид оид ба коронавирус

Аксари одамоне, ки ба COVID  — 19  гирифтор шуда буданд, аз пневмания не, балки аз тромбозҳои  рагҳои  коронарӣ  ва тромбоэмболияи артерияҳои шуш фавтиданд.

Тромбоз «thrombоsis» — аз забони лотинӣ гирифта шуда, маънояш бо забони тоҷикӣ лахташавӣ ва тамбашавӣ мебошад. Сухан дар бораи  қатъ гардидани гардиши хун  дар тамоми организм равона гардидааст.

Мутобиқи мушоҳидаҳои оморӣ дар байни ин ҳама бемориҳои тромбӣ  тромбоэмболияи артерияҳои шуш (ТЭАШ) бемории хатарнок барои фаъолияти организм ба ҳисоб меравад.Тромбҳо қобилияти тамбашавии артерияҳоро  дар шуш ҳама вақт доро мебошанд. Аз се як ҳисса бемороне, ки  ба ТАЭШ гирифтор шудаанд, ба мавти клиникӣ дучор мешаванд.

Хислатномаи ТАЭШ  чунин аст: ин беморӣ  худ аз худ ба вуҷуд намеояд. Ҳангоми ворид сохтани  антибиотикҳо (спектри таъсирашон васеъ), доруҳои зиддивирусӣ, доруҳои зиддипротозойӣ, доруҳои зиддивараҷа ва дигар доругиҳои сахтаъсири кимиётерапевтӣ  дар меъёри баланд метавонанд тағийрёбии девораи рагҳо (озурдаёбӣ), зиёдшавии ғафсии хун, полоиш дар ҷигар ва гурдаҳоро вайрон  намуда, ҳосилшавии тромбҳоро зиёд менамояд. 

Сабабҳои асосии ба вуҷуд омадани ин бемори пайдошавии эмболҳо дар рагҳои хунгард  ( эмбол ин ҳиссаи тромбҳое, ки дар рагҳои хунгард ҳаракат мекунад) мебошад. Ин ҳиссачаҳои тромбӣ тавассути рагҳои хунгард ба шуш омада, маскан мегиранд ва аз ҳисоби вайроншавии эндотелияи рагҳои артериявӣ ҷамъ шуда, тамбашавиро ба вуҷуд меоранд, ки боиси ба ҳуҷайраҳо ва бофтаҳои шуш норасогии оксиген ба амал меояд, дар ин сурат нафастангӣ, сӯзиш дар қафаси сина ва тахтапушт , кор ва фаъолияти системаи узвҳои нафас суст гардида, гипоксия тамоми организмро фаро мегирад.

Сабабҳои дигари пайдошавии тромбозҳо дар рагҳои хунгард ин аз ҳисоби бемориҳои аутоиммунӣ, бемориҳои сироятӣ (вирусӣ, бактериявӣ), ки ҳуҷайраҳои эндотелия, эритроситҳо вайрон мешаванд, ба вуҷуд  меояд.

Яъне, ҳангоми вайроншавии эритроситҳо ва танбашавии рагҳои хунгард боиси ба ҳуҷайра ва бофтаҳо норасогии оксиген шуда метавонад.Ин норасогии оксиген ва нафастангиро на дар ҳама, балки дар 50 % — и гирифторони COVID-19 мушоҳида кардан мумкин аст.

Вируси COVID-19 ҳангоми ворид шудан ба организм метавонад ба ҳуҷайраҳои хун махсусан ба эритроситҳо таъсир расонида, тромбоэмболияи артерияҳои шушро ба вуҷуд меоварад, ки дар ин маврид  нафастангии шадид ба амал меояд.

Гемоглобин ин элементи асосии хун ба ҳисоб рафта, сафедаи оҳандор ва қисми асосии эритросит ба ҳисоб меравад.

Ҳангоми нафас гирифтан ( О2 — ) оксиген дар алвеола бо гемоглобин пайваст мешавад ва оксигемоглобин ҳосил шуда, оксигенро ба тамоми ҳуҷайра ва бофтаҳо кашонида, гази карбонро (СО2) аз организм ихроҷ мекунад ( карбоксигемоглобин )

Мубодилаи ивазшавии газҳо дар алвеолаҳои шуш ба амал меояд. Дар сурати гирифтор шудан бар вируси COVID-19  ҳуҷайраҳои шуш ва махсусан алвеолаҳои осеб ёфта, фаъолияти худро қисман иҷро карда наметавонанд. Дар ин маврид мубодилаи ивазшавии газҳо дар алвеолаҳои шуш вайрон мешавад. Сабаби асосии таъсир расонидани вируси корона ба организм ин дар мадди аввал  вайрон кардани фаъолияти пурраи алвеолаҳо ва тамбашавии эритроситҳо  ҳангоми вуруд шудан ба шуш ба амал меоянд. Дар баробари гирифтор шудани вируси COVID-19  эритроситҳоро достшакл гардонида, структураи гемм, ки дар дохили гемоглобини мавҷуд аст, бо пуррагӣ вайрон шуда, таъмини оксигенро ба тамоми организм қатъ мегардонад.

Мушоҳидаҳое, ки аз тарафи коршиносон барои кӯдакони то 5 — сола ва пиронсолон  (синнашон аз 55 -60 сола боло) пешниҳод гардидааст, вобаста ба фаъолияти шушҳо, ки ба синну сол вазифаҳои пурраи худро иҷро карда наметавонанд, далелҳои амиқи худро дорад.

Дар баробари ин, нафароне,ки дар шароитҳои дигари ҳаёти қарор доранд, хатари ин беморӣ ба онҳо бештар таҳдид менамояд.

1.Дар вақти ҳомиладорӣ меъёри гемоглобин паст гардида, камхуни ба амал омада масуният паст мешавад.

2. Бемориҳои қалби – рагӣ. Нафароне, ки мубталои ин намуди бемориҳо ҳастанд, дар баробари гирифтор шудан бо COVID-19   паҳншавии тромбоэмболияҳо дар шуш  зиёд гардида, бори дил (нагрузка сердца) дучанд мешавад.

3.Фишорбаландии доимӣ: Нафароне, ки дучори бемории доимии фишорбаландӣ мебошанд, бо сабабе,ки рагҳои коронарии онҳо аллакай осеб ёфтаанд, дар баробари гирифтор шудан ба вируси COVID-19  тамбашавии босуръати эритроситҳо дар хун  ба амал меояд ва ин раванд метавонад бо кафидани (лопаюься сосуди)  рагҳо  оварда расонад.

4.Бемории қанд: дар вақти бемории қанд хуни инсон ғафс шуда, дар микрокаплярҳо тромб ба вуҷуд омада, мавтшавии бофтаҳо ба амал меояд.

Дар баробари гирифтор шудан ба бемории COVID-19  бо сабаби паст будани системаи иммунии барвақтӣ ва кам будани миқдори тромбоситҳо ҳолати бемор вазнин гардида, муолиҷа душвор мешавад.

5.Дар кӯдакон системаи нафаскашӣ бо пуррагӣ инкишоф наёфтааст ва сохти гемоглобинии онҳо шакли стандартии худро пур накардаанд. Дар баробари гирифтор шудан ба COVID-19  шояд вайроншавии гемоглобинҳои феталӣ (Hb F) ба амал ояд.

Қурбонзода Даврони Абдураҳим,

Асоев Ҷомӣ Хайруллоевич,

омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон 

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.