Профессор Гулзода: Мо аз равғани моҳӣ капсула месозем

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино тасмим гирифтааст, ки як коргоҳи истеҳсоли дорувориро сохта, ба истифода диҳад. То ҳол чунин коргоҳ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва метавонад  даромади бештар оварад.

 Ин нукта зимни нишасти матбуотӣ аз забони ректори ин донишгоҳ, профессор Маҳмадшоҳ Гулзода садо дод.

“Ин коргоҳ дар заминаи Лоиҳаи рушди соҳаи таҳсилоти  фарматсевтӣ дар  Маркази фарматсияи донишгоҳ роҳандозӣ мегардад. Аллакай таҷҳизоти тиббиро ворид кардем ва ният дорем, ки бахшида ба Иди касбии кормандони тибби Тоҷикистон ба истифода диҳем. Дар инҷо  аз равғани моҳӣ ва гиёҳҳои шифобахш ҳар гуна капсулаҳои барои саломатӣ муфид  истеҳсол карда мешаванд. Ин таҷрибаи аввалин дар Тоҷикистон аст, ки амалӣ мегардад”,-гуфт ректори донишгоҳ Маҳмадшоҳ Гулзода.

Ёдрас мешавем, ки Маркази омӯзишию истеҳсолии «Фарматсия»  аз соли 2016 инҷониб дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият менамояд. Дар ин марказ  муҳассилин донишҳои назарии худро ба амалия омезиш медиҳанд ва аз гиёҳҳои шифобахш ҳар гуна бастаи доруворӣ истеҳсол мекунанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.