Силшинос: Сил бемории ирсӣ нест!

Мардум бар он ақидаанд, ки сил бемории авлодӣ аст, аммо мутахассисон исбот намудаанд, ки он меросӣ нест.

Моҳира (номи ивазшуда) модари ду фарзанд сокини ноҳияи Мастчоҳ соли 2016 ба бемории сили шуш гирифтор мешавад. Баъди табобати пурра ва бетаннафус бо риояи тамоми талаботҳои табобатӣ сиҳат шуда, соли 2018 кӯдаки сеюмашро таваллуд мекунад.

«Моҳи августи соли сипарӣ боз сулфаам авҷ гирифт, ҳарорати баданам баланд шуда, лоғару нотавон шудам. Зимни ташхис маълум гардид, ки ба бемории коронавирус, ки фарогири олам буд гирифтор шудаам”, — мегӯяд Моҳира.

Олимбек Ҳочибеков духтур- фтизиатр дар Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар ноҳияи Мастчоҳ зимни сӯҳбат гуфт, ки дар ҳақиқат Моҳира аз соли 2016 инҷониб дар қайди ин Марказ буда соли 2020  бемории коронавирусро аз сар мегузаронад. Баъди гирифтори ба ин бемории вируси дубора бемории сил дар шушаш авҷ мегирад.

Тибқи маълумоти духтурон бемории сил аз шаш моҳ то ду сол муолиҷа мешаваду аммо давоми панҷ сол дар қайд бояд истад.  Баъди гузашти панҷсол таҳти назорати табибон ин бемор аз қайд бароварда мешавад.

Ба гуфти О. Хоҷибеков, дар вақти табобат  маълум шуд, ки Моҳира ҳомиладор будааст ва тибқи хулосаи табибон барои қатъи он алакай дер шудааст.

Аксарият дар ақидаи он ҳастанд, ки сил бемории ирсӣ буда он аз насл ба насл мегузарад. Аммо бо исботи илми тиб маълум шуд, ки бемории сил меросӣ набуда он сирояткунанда аст.

Тавре табиби Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар вилояти Суғд Навбаҳори Зоҳирчон мегӯяд, бемории сил ирсӣ нест, он аз одами бемор ба солим бо роҳи нафас, атса задан, сулфидан мегузарад.

» Ман муддати чанд дар ин бора андеша кардам, ки исқоти ҳамл намоям, чун фақат дар фикри он будам, оё кудакам солим ба дунё меояд. Аммо силшинос маро бовар кунонд, ки бемориам ба кӯдакам таъсири манфӣ надорад”, — гуфт Моҳира.

Мутахассисон мегӯянд, ки доруҳои зиддисилӣ ба кӯдаки дар батни модарбуда ягон таъсири манфӣ намерасонанд. «Дар давоми фаъолияти кориям дар таҷриба нест ки доруҳои зиддисилӣ ба зани ҳомила таъсир расонида бошад.  Ҳамаи занҳои ҳомилаи гирифтори бемории сил шуда кӯдакони солим ба дунё овардаанд, — мегӯяд силшинос Олимбек Ҳоҷибеков.

Ба гуфти силшиносон дар таҷрибаи тиббӣ имрӯза ҳодисаҳои модарзодӣ беморони сил қайд нагардидааст. Танҳо дар сурате, ки модари гирифтори ин беморӣ бо кӯдакаш наздикӣ дошта бошад тифлаш сироят меёбад.

Ҳолати Моҳира имрӯз хуб аст, табобаташ идома дорад, доруҳои кумакрасонро  гирифта истодааст ва рӯзҳои наздик табобаташ ба охир мерасад. Аз рӯи маълумоти табибон тақрибан баъди як моҳ бояд таваллуд кунад. Айни замон ӯ дар хона зери назорати духтурон МЕБОШАД. Хушбатона фарзандони Моҳира ва дигар аъзои оилаи ӯ ба ин беморӣ гирифтор нестанд.

Духтурон мегӯянд муроҷиати саривақти ва саривақт ба табобат шурӯъ кардан беҳтарин воситаи пешгирии паҳншавии ин беморӣ ва кафолати шифои комил аз сил аст. Ташхису табобати сил пурра ройгон буда  табобатшаванда аст агар шахси бемор аз рӯи реҷаи таъин шуда бе танаффус табобат гирад.

Мадина Почоева, журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *