Сирояти 12 нафар ба сиёҳзахм аз гӯшти ҳайвони хонагӣ

Дар ноҳияи Қара-Кулҷаи вилояти Ӯши Қирғизистон дар 12 бемор нишонаҳои сиёҳзахм ё худ «сибирская язва»-ро ошкор карданд. Дар ин бора сухангӯи Вазорати тандурустии Қирғизистон Елена Баялинова хабар дод.

Баялинова бо истинод ба раҳбари Маркази ҷумҳуриявии карантин ва сироятҳои хатарнок Собирҷон Абдукаримов гуфт, ба сиёҳзахм гирифтор шудани ин 12 нафарро ташхисҳо тасдиқ карданд. Ҳамчунин беморӣ ба маҳалли тақсимоти гӯшт низ сироят кардааст.

Дар ҳоли ҳозир, аз миёни 12 нафар се танашон аз беморхона рухсат шуда, боқӣ дар беморхонаи Қара-Кулҷа табобат мегиранд. Бино ба маълумоти дарёфтӣ, ҳамаи онҳо аз гӯшти ҳайвоноти хонагӣ сироят дидаанд

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.