СУТ: Соли 2020 Соли кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ

Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ соли 2020-ро Соли кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ эълом намуд. Ин иқдом бахшида ба 200-солагии асосгузори кори ҳамширагӣ Флоренс Найтингейл қабул гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сомонаи Pressa.tj хабар доданд.

Тавре Галина Перфилйев, роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамасола Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ ба як мушкилии муҳими глобалии тандурустӣ бахшида шуда, ҳамзамон аз ҷониби ҳамаи кишварҳо дар Ансамблеяи СУТ қарор қабул карда мешавад.

Имсол соли махсус аст, зеро агар солҳои қабл мавзӯи Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ ба масъалаҳои бемориҳои дилу рагҳо, саломатии рӯҳӣ, бехатарии роҳ, модар ва ғайра бахшида мешуд, соли равон бори аввал дар таърихи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бобати ба кормандони ҳамширагӣ ва момодоягӣ бахшидани Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ қарор қабул гардид.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки СУТ ба ин иқтидори бузурги кормандони соҳаи тандурустӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Айни замон дар ҷаҳон 70%-и кормандони тибро ҳамшираҳо ва момодояҳо ташкил медиҳанд, ки нақши онҳо дар таъмини солимии аҳолӣ хеле калон мебошад.

«Имрӯзҳо тақрибан дар аксари кишварҳои ҷаҳон мубориза бо коронавирус ҷараён дорад, ки ҳамшираҳо ва момодояҳо дар сафи пеши мубориза бо ин сироят қарор доранд. Агар мо ба ҳамшираҳо ва момодояҳо диққати бештар диҳем ва барои корҳои анҷомдодаашон ба онҳо миннатдорӣ баён намоем, фикр мекунам, ин ба манфиати аҳолӣ ва низоми тандурустии тамоми давлатҳо мебошад», — гуфт Перфилйева.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *