Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Табибони Суғд ҳам сазовори мукофот гардиданд (аксҳо)

15 август дар Қасри Арбоб ба муносибати Рӯзи кормандони тиб ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Раиси вилоят кулли кормандони соҳаро бо иди касбиашон табрик гуфта, изҳор дошт, ки таҳти роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ба рушди соҳаи тиб таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Давра ба давра қабул шудани санадҳои нави меъёриву ҳуқуқӣ вобаста ба сиҳатии омма аз ғамхориҳои ҳамарўзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ин раванд Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ бо назардошти мақоми соҳа, талаботи замон ва нақшу манзалати табибон муттасил кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дараҷаи хизматрасонӣ ба мардум беҳтар гардад.

Дар вазъияти тантанавӣ гуруҳи калони кормандони муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар дар пешрафти соҳа, пешгирӣ ва муолиҷаи бемории сироятии COVID–19 саҳми босазо гузоштаанд, бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.