Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тавлиди 44 тифли солим аз модарони гирифтори ВИЧ/СПИД

Дар соли ҷорӣ дар вилоятҳои Чимкент ва Туркистони Қазоқистон 57 зани ҳомиладори мубталои ВИЧ/СПИД ё вируси масунияти одам сабт шудааст, ки аз ин шумор 44 танашон то ин замон таваллуд карданд. Дар ин бора Кожахмет Маширов, як масъули тандурустии Қазоқистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи вай, яке аз занҳои ҳомила дугоник таваллуд кардааст. Ҳамаи кӯдакон солиманд ва мубталои ВИЧ нашудаанд.

Маширов мегӯяд, «давоми се соли охир дар минтақа 535 кӯдак аз модарони мубталои ВИЧ таваллуд шудаанд. Баъди таваллуд кӯдакон 1,5 сол зери назорати табибон боқӣ мемонанд. Аз ин шумор дар бадани 15 кӯдак ВИЧ ошкор шудааст».

Ба гуфтаи табибон, кӯдакон ба он далел мубталои ВИЧ шуданд, ки занон ҳангоми ҳомиладорӣ доруҳои зидди ВИЧ/СПИД истеъмол накардаанд

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.