Русҳо барои худ ба Тоҷикистон ваксина оварданд

Миқдори аввали ваксинаи Россия бар зидди коронавирус дар ҳаҷми беш аз ҳазор воя тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон ворид карда шудааст.

Ин миқдор ваксина барои кормандони низомии Россия, ки дар ҷумҳурӣ мустақаранд, пешбинӣ шудааст. Дар ин бора Sputnik дар такя  ба хадамоти матбуоти Округи ҳарбии марказӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ваксинаи COVID-19 ба Тоҷикистон тавассути ҳавопаймо барои пойгоҳи низомии 201-уми Русия оварда шудааст.

«Табибони ҳарбӣ барои интиқол ва ҳарорати мувофиқ бордонҳои махсусро истифода карданд»,-гуфт вазорат.

Инчунин, хабар дода мешавад, ки миқдори якуми ваксинаро кормандони тиббии беморхонаи ҳарбии 451-уми Русия, кормандони низомӣ дар ҳолати омодабош, ҳайати фармондеҳӣ ва навбатдории пойгоҳ хоҳанд гирифт.

Пеш аз эмкунӣ, ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ дар бораи ваксина, таъсири дору ба бадани инсон ва таъсироти эҳтимолии он маълумот дода мешавад.

Таъкид шудааст, ки ҳама эмкунӣ барои кормандони низомӣ, ба мисли Русия, танҳо ба таври ихтиёрӣ сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки пойгоҳи низомии 201 мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин иншооти низомии Федератсияи Русия дар хориҷ аз кишвар ба шумор меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *