Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Вазъи COVID-19 дар Қазоқистон

Вазъи сироятёбӣ ба коронавирус дар Қазоқистон таҳти назорат қарор дорад, Ҳукумати кишвар дар мубориза бо бемории ҳамагир ҳамаи тадбирҳои заруриро сари вақт андешида истодааст.

Аввалан, баъзе расонаҳои хориҷӣ (The New York Times, The Telegraph, Express, France 24 ва ғайра) дар бобати он иттилоот нашр мекунанд, ки Қазоқистон ба рӯйхати кишварҳое ворид шудааст, ки дар онҳо COVID-19 бо суръати баланд паҳн мешавад.

Ғайр аз он, дар матлабҳо иштибоҳан дар бораи  он навиштаанд, ки гӯё дар Қазоқистон дубора инзивои шадид (локдаун) ҷорӣ шудааст, аммо дар кишвар танҳо барои 2 ҳафта чораҳои қатъии қарантина ҷорӣ карда шудаанд.

Чунин гузоришҳо боиси ба вуҷуд омадани нофаҳмиҳо дар бораи вазъи Қазоқистон гардиданд ва дар натиҷа, ба сӯитафоҳумҳои хосе оид ба  хатари сироятёбии Қазоқистон дар ВАО гаштанд.

Дуввум, бо назардошти он, ки аз оғози моҳи июли соли равон намудҳои бе аломати (асимптоматикии) COVID-19 дар Қазоқистон ба омори умумии гирифторшавӣ илова шуданд, суръати афзоиши сироят низ ба таври назаррас боло рафт.

Бо итминон метавон гуфт, ки ҳарду намуди ин беморӣ барои атрофиён хатари ҷиддӣ ба бор меоранд. То ин вақт, баҳисобгирии ҷудогона гузаронида мешуд. Маълум аст, ки бекор кардани ин тарзи баҳисобгирӣ боиси он гардид, ки ҳамаи ҳолатҳои қаблан ба инобат гирифта нашуда ба омори ҷаҳонӣ дохил карда шаванд.

Дар натиҷа, ин ҳолат сабаби тафсири нодурусти рақамҳо гардид.

Саввум, айни замон дар Қазоқистон 48 874 ҳолати бемории COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, аз он ҷумла 25 021 нафар бо аломатҳои беморӣ, 23 553 нафар бе аломат, дар як шабонарӯз 1 403 ҳолат, афзоиш 3,0% -ро ташкил медиҳад.

24 990 беморон шифо ёфтанд (51,1%, яъне нисфи зиёди онҳо шифо ёфтанд). 23 324 бемор — табобатро идома медиҳанд. Фавт – 260 нафар.

Нишондиҳандаи сатҳи афзоиши вирус дар Қазоқистон дар моҳи июн 1,3-ро ташкил медод. Дар давоми ҳафтаи охир ин нишондиҳанда то 1,05 коҳиш ёфтааст.

Ҳамин тавр, дар тамоми ҷаҳон 11,5 миллион сироятёфта ба қайд гирифта шудааст. Фавт 536 ҳазор нафар (4,6%) –ро ташкил медиҳад. Сатҳи беморшавӣ дар ИМА 2,9 миллион нафар, дар Русия 681,2 ҳазор нафар, дар Қазоқистон 48,8 ҳазор нафар мебошад. Фавт дар ИМА 4,4%, дар Россия 1,5%, дар Қазоқистон 0,5% аст. Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, Қазоқистон аз рӯи сироятёбӣ ба COVID-19 дар ҷои 35-ум қарор дорад.

Чорум, Қазоқистон пайваста санҷишҳои оммавии аҳолиро баргузор мекунад. Дар маҷмӯъ, – 1 631 817  тадқиқоти лабораторӣ оид ба COVID-19 гузаронида шуд (нишондиҳанда ба 100 ҳазор аҳолӣ — 8746), ки аз онҳо 48 874 натиҷаи мусбат, 1 582 943 натиҷаи манфӣ баромадааст. Дар як шабонарӯз 13 830 нафар аз санҷиш гузашта ва аз онҳо натиҷаи санҷиши 1 403 нафар мусбат баромадааст. Қазоқистон аз рӯи фарогирии аҳолӣ бо санҷиш дар ҷаҳон ҷои 19-умро ишғол менамояд.

Тибқи маълумоти сарчашмаи байналмилалии worldmeters.info, Қазоқистон аз рӯи суръати сироятёбӣ ба 1 миллион аҳолӣ ҷои 54-ум, оид ба маргумир ҷои 113-умро ишғол мекунад. Тафовут дар нишондиҳандаҳо аз самаранокии тадбирҳои андешидашуда дар кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Ҳамин тариқ, омори байналмилалӣ динамикаи мӯътадили вазъи эпидемиологиро дар Қазоқистон нишон медиҳад.

Маълумотнома

Қарантина дар Қазоқистон аз 5 то 19 июли соли равон идома меёбад.

Дар доираи чораҳои маҳдудкунанда, қарор дода шуд, ки баргузории чорабиниҳои оммавӣ, оилавӣ ва ёдбуд манъ карда шаванд. Ғайр аз он, фаъолияти кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, толорҳои варзишӣ, маркази фитнес, ҳавзҳо, бозорҳои болопӯшида, боғҳои обӣ, иншооти фарҳангӣ, марказҳои фароғатӣ, иншооти мазҳабӣ, кинотеатрҳо, кӯдакистонҳо, лагерҳои кӯдакона ва дигар муассисаҳо боздошта мешаванд.

Шакли фосилавии кор барои на камтар аз 80% кормандони муассисаҳои давлатӣ, идораҳо, ширкатҳои миллӣ ва дигар созмонҳо эътибор дорад.

Инчунин тасмим гирифта шуд, ки ҳаракати шаҳрвандон маҳдуд карда шавад – гурӯҳҳои на зиёдтар аз се нафар иҷозати сайругаштро доранд.

Дар ин давра марказҳои тиббӣ, дорухонаҳо, мағозаҳои хӯрокворӣ, бозорҳои кушода фаъолият хоҳанд кард. Тибқи низоми мукаммали беҳдоштӣ ва безараргардонӣ фаъолияти нуқтаҳои хӯрокхӯрӣ дар ҳавои кушод, корхонаҳои сохтмонӣ ва саноатӣ, коргоҳҳои бо сикли муттасили истеҳсолӣ, корҳои кишоварзӣ ва сохтмонӣ дар ҳавои кушод идома хоҳанд ёфт. Ғайр аз он, хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла, таъмири мошинҳо ва техникаи маишӣ давом хоҳад ёфт.

Парвозҳои байналмилалии дар вақти қарантина бидуни тавсеаи минбаъдаи рӯйхати кишварҳо роҳандозӣ мешавад. Ҳамзамон, парвозҳо дар дохили кишвар ва ҳаракати қатораҳо маҳдуд хоҳад шуд. Дар давраи қарантина хидмати автобусҳои байнишаҳрӣ боздошта ва кори нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳрҳо маҳдуд мегардад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.