Вазорати тандурустӣ: Шифоёфтагон аз COVID-19 майли афзоиш доранд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ки то ҳол дар мамлакат аз бемории сироятии коронавирус 1395 нафар шифо ёфтаанд. 

Инчунин, то соати 19:00-и 25 май 3100 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардидааст. То  санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 46 нафар фавтидаанд. Ҳоло дар мамлакат 2773 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 232 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Ба иттилои вазорат, имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шуда, ба табобати беморон машғуланд.

Вазорат дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *